“Мақоми зан дар ҷомеа” дар Маркази фарҳанги Чин

Бахшида ба рӯзи Модар дар Маркази фарҳангии Чини Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ аз қадру манзалати зан дар ҷомеа ёд кард. Вай гуфт, ки заҳмату шабзиндадориҳои модарро наметавон ба ягон чизи дигар баробар кард. Ҳамчунин талоши занон низ баҳри бунёди як ҷомеаи босуботу мутараққӣ арзишманд аст. Баъдан муовини директори Маркази таълими конфутсӣ Machi ҳозиронро ба муносибати ин рӯз муборакбод кард ва гуфт, ки чун дар Тоҷикистон дар Чин низ занон аз мақому мнзалати хосе бархӯрдоранд. Дар маҳфили мазкур дар бораи анъанаҳои хоси сару либос дар Тоҷикистон ва Чин сухан рафт ва чиниҳо як силсила либосҳои миллии худро чун намуна дар намоиш гузоштанд.
Суратгир: Хусрави Милод