Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон
Нашр шуд 2015-11-21 17:04
Дар даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон хонаи умеди ман” доир гардид.
Ҷалолиддин Нуров, мудири Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона гуфт, ки ҳадаф аз ин чорабинӣ баланд бардоштани мафкураи миллии ҷавонон буд, то Парчами милии худ ва фалсафаи парчамдориро омӯзанд ва донанд.
Дар чорабинии мазкур ҳудудан 300 нафар донишҷўёну устодони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Коллеҷи варзишии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, оид ба таърихи парчам ва муқаддасоти он маърўза намуда, сулҳу ваҳдат, созандагию ободкориро баракати истиқлолияти давлатӣ маънидод намуд. Вай гуфт Парчам ин нишони миллат ва муаррификунандаи давлати соҳибистиқлол аст.
Ҳамзамон Сайфиддин Назарзода аз ҷавонон даъват намуд, ки бештар ба китобхона омада, китоб хонанд ва донишу саводи худро боло баранд. Профессор Назарзода мутолиаро калиди аслии музаффарияти ҳар инсон дар ҳаёт номид ва гуфт инсон танҳо бо омӯзишҳои пайваста метавонад соҳиби фазл гардад ва ба камолоти маънавӣ расад.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ оид ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлолият ёдовар шуд. Вай аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи давлати тоҷикон аст, ҳамеша тозаву озода нигоҳ дошта, барои муаррифӣ намудани миллат ва бардоштани Парчам дар арсаи ҷаҳон саъю талош намоянд.
Вай гуфт, ки пояи аслии сиёсати дохиливу хориҷии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон созандагию ободкорист ва ҷавонон бояд пайи ободию осудагии диёр кӯшо бошанд.
Хонандагони МТУ- и шаҳри Душанбе дар васфи Парчам, Ватан ва Модар порчаҳои назмӣ қироат шуда, сарояндагони ширинкаломи тоҷик Фахриддини Малик ва Ҷаъфари Ҷалол бо сароидани шеърҳои ватандўстонаашон ба чорабинии номбурда, шукўҳи тоза бахшиданд.