“Ҷойгоҳи библиография дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот”
Нашр шуд 2015-11-18 22:38
Чунин ном дошт конфронси илмӣ-амалие, ки субҳи рӯзи чоршанбе ба ифтихори 80-солагии китобшиноси маъруфи тоҷик Раҳимҷони Шарофзода дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи милии Тоҷикистон баргузор шуд.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мавзуъи конфронс ва зарурати баргузории он ҷалб намуд ва ҳозиринро ба муносибати солгарди таваллуди яке аз маъруфтарин китобшиносони кишвар Раҳимҷони Шарофзода табрик намуд.
Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ –тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар мавзўи «Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ –таҳқиқотии Раҳимҷони Шарофзода» маърўза намуд. Вай аз роҳи тӯлонии тайкардаи ин китобдор ва китобшиноси маъруф ҳарф зад ва гуфт Раҳимҷони Шарофзода аз ҷумлаи касонест, ки дар рушди китобшиносӣ хизматҳои арзишманд кардаанд.
Қурбоналӣ Буриев, директори генералии Хонаи китоби Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих бо номи «Раҳимҷони Шарофзода -китобноманигор» маърӯза кард. Вай зумраи аз китобҳои Шарофзодаро, ки дар солҳои гуногун интишор ёфтаву мактаби китобноманигориро рушд додаанд, таҳлил кард. Мавсуф қайд намуд, ки саҳми соҳибҷашн дар пешрафти соҳа ва тарбияи шогирдони сазовор хеле бузург аст.
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ –фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мактаби эҷодии Раҳимҷони Шарофзода ҳарф зад ва гуфт, мавсуф барҳақ шахси соҳибмактаб аст, ки шогирдони зиёдаш имрӯз ҳам парчамбардори роҳи устоданд.
Дар охири конфронс миёни меҳмонон ва ширкаткунандагон аз ҷумлаи хонандагони фаъоли китобхона табодули афкор сурат гирифт.
Хабари Фарзона Мирзоева
Суратгир Хусрави Милод