Шуъбаи матбуоти даврӣ дар ин нуҳ моҳи сипаришуда як силсила корҳоеро дар самти таблиғи китобхонӣ, ҳуввияту худшиносии миллӣ анҷом додааст.
Баъзан гумон мекунанд, ки фаъолияти Шуъбаи матбуоти даврӣ бо таъмини хонандагон бо нашрҳои имрӯзу пешини нашрияҳои кишвар хатм мешавад. Аслан чунин ҳам ҳаст. Яъне, вазифаи асосӣ хизматрасонӣ ба муштариён барои дасрасии осони онҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳост. Ва ин нашрияҳо дар Китобхонаи миллӣ хеле зиёданд. Аз аввалин шумораҳои “Бухорои шариф” то тозатарин ҳафтаномаҳо теъдод ва номгӯяшон ба садҳову ҳазорҳо мерасанд.
Вале дар баробари ин кормандони шуъба корҳи дигарро ҳам ба сомон мерасонанд. Аз ҷумла бо истифода аз минбари нашрияҳои фаъоли кишвар фаъолияти китобдориро таблиғ мекунанд, дар масоиле назири ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба илмомўзӣ баҳс мекунанд. Дар ин нуҳмоҳа як силсила мусоҳибаву мақолаҳо чоп шуданд, ки фарогири масъалаҳои номбурда буданд. Аз ҷумла, дар рўзномаи “Донишварз” мусоҳиба таҳти унвони “Талош барои пешрафти илму фарҳанг”, дар ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа” мақола бо номи “Аҳамияти китобхонаҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ”, дар нашрияи “Паёми донишҷў” мақолаи илмӣ-таҳқиқотӣ зери унвони “Саҳобии Астарободӣ-шоир ва орифи порсигў” ба табъ расонида шуд.
Инчунин мақолаи Ҳақназар Қурбонмамадов бо номи “Тоҷикон, кўшише дар шинохти чеҳраи иҷтимоии муосир” тарҷума шуд ва дар нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Минбари халқ”, “Боҷу хироҷ”, “Омўзгор”, “Фараж” ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” нашр гардид.
Илова бар ин сардори шуъба дар мулоқоти хонандагони фаъоли шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо бо номи “Чароғи маърифат” дар мавзўи “Нақши китоб дар рушди фарҳанги ҷомеа” маърўза кард.
Дар ин нуҳ моҳ 8125 нафар хонанда вориди толори хониши матбуоти даврӣ шудааст, ки дар қиёс ба нуҳмоҳаи соли гузашта 3059 нафар бештар аст. Ба онҳо бо тибқи дархосташон барои мутолиа 32050 рӯзнома ва 3570 маҷалла пешниҳод шудааст. Аз тариқи шуъбаи абонименти байни китобхонаҳо ба хоҳишмандон 1165 номгӯй маҷаллаҳо ирсол шудааст.
Кормандони шуъба дар фонди пўшида рўзномаҳои бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашршударо санҷида, аз рўи феҳристи алифбоӣ ҷобаҷогузорӣ карданд. Корҳои ташхисӣ дар фонди пўшидаи шуъба ҷараён дошта, бастаҳои рўзномаҳо барои муқовабандӣ омода гардиданд.
Барои таъмини талаботи рўзмарраи хонандагон ҳар ҳафта 47 номгўй рўзнома бо забони давлатӣ, 19 номгўй маҷаллаҳои дохилӣ, 6 номгўй рўзнома бо забони русӣ ва 55 номгўй маҷаллаи хориҷӣ қабул гардида, бо рақамгузории махсуси бибилиографӣ ба фонди шуъба ворид карда мешавад.
Бахшида ба санаҳои расмии Рўзи модар, Матбуоти тоҷик, Наврўзи оламафрўз, “Иди китоб” ва СААД намоиши рўзномаву маҷаллаҳо ташкил карда шуд. Барои баргузории “Рўзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ” зиёда аз 100 номгўй рўзномаву маҷаллаҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Дар партави Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва истиқболи “Рўзи ҷавонон” шуъбаи матбуоти даврӣ бо ҳузури беш аз 1000 нафар ҷавонони касбу кори гуногун се Мизи мудаввар таҳти унвонҳои “Муҳимият ва нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷавонон”, “Масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А. Р., таҳлилгари масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо ва Раиси шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ширкат ва суханронӣ намуданд
Бахшида ба 70 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ феҳристи рўзномаву маҷаллаҳои даврони Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар қаламрави Тоҷикистон нашр шудаанд, мураттаб карда шуд, ки то имрўз ба тарзи пароканда буданд.
Барои мураттаб намудани “Донишномаи матбуоти тоҷик” корҳо ҷараён дошта, дар нўҳ моҳи соли равон маълумотномаи энсеклопедии 100 номгўи нашрияҳо таҳия шудаанд. 18 шумораи аввалин рўзномаи тоҷикии-“Бухорои шариф” баргардон ва бо шакли электронии WORD гардонида шуд.