Маҳфили “Дастони моҳир” бахшида ба Рӯзи Парчам
Нашр шуд 2020-11-27 08:52
Маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Муаллима дар оғоз дар бораи таърихи парчаму парчамдорӣ ҳарф зад ва гуфт: Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафт. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.
Парчам яке аз муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳибистиқлолии давлат рамзе аз нангу номусии ватандории ҳар як шаҳрванд ва ғановати миллии кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро ҳар як фарди кишвари соҳибистиқлол ҳуқуқ дорад, ки Парчами давлатиро парчами худ ҳисобида онро ҳифзу гиромӣ дорад.
Сипас муаллима бо хонандагон оид ба мавзўъ саволу ҷавоб намуд. Хонандагон шеърҳои дар васфи Парчам қироат намуданд. Расмҳои тасвир намудаи хонандагон хеле ҷолиби диққат буд.
Фирӯза Раҳимова