Чопи китоби нави Рустам Ваҳҳоб: "ДУРУСТ БИНАВИСЕМ"
Нашр шуд 2015-10-05 17:39
Китоби шоир ва донишманди шинохтаи тоҷик Рустам Ваҳҳоб бо номи “Дуруст нависем” аз чоп баромад. Дар ин бора муаллиф дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ дод.
Дар ин китоб шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиёву телевизион ба назар мерасад, баррасӣ гардидааст. Муаллиф шакли дуруст ва саҳеҳи калимаю ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳоро тавзеҳ медиҳад.
Муаллиф бар ин назар аст, ки китоб барои адибони ва хабарнигорони ҷавон ва умуман алоқамандони омӯзиши амалии забон судманд аст. Маводи он ҳамчунин бо салоҳдиди устодон метавонад дар дарсҳои амалии забоншиносӣ, услубшиносӣ ва матншиносӣ чун дастури таълимӣ ва василаи иловагии омӯзиш мавриди истифода қарор дода шавад.
Маврид ба ёдоварист, ки Рустам Ваҳҳоб муддати ду-се соли охир дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи вижаи “Дуруст нависем”-ро роҳандозӣ кард ва бо ширкати дигар донишмандону пажуҳишгарон як ришта мақолаҳоро дар бораи тарзи дурусти навишти калмаву ибораҳо интишор дод.
Аксари ин мақолаҳо дар матбуоти кишвар ҳам зери ҳамин гӯша чоп шудаанд.
Ба шакли китоби алоҳида чоп шудани “Дуруст нависем”-ро метавон як рӯйдоди муҳими илмиву фарҳангӣ номид.
Китоб дар нашриёти Иттифоқи нависандагон ба теъдоди хеле кам-500 нусха чоп шудааст ва онро дар айни замон метавон аз бинои Иттифоки нависандагони Тоҷикистон, аз Аҳлиддин Ҳисорӣ дастрас кард.