Мирсаид Миршакар: Шоире, ки шеъраш имрӯзу дирӯз надорад
Аз ҷумлаи таронасароён барои атфол шоири маъруф Мирсаид Миршакар аст, ки шеъраш имрӯзу дирӯз надорад. Ашъори ӯ барои тифлони ҳар замон мувофиқу муносибанд. Шеъре, ки барои бачаҳои замонаш дар солҳои 50 ва 60 асри гузашта сурудааст, барои имрӯзиён низ мақбул аст. Ҳамоне, ки солҳои шаст месуруд: “Ман калон мешавам, Қаҳрамон мешавам”, имрӯз метавонад онро сарояд. Зеро мафҳуми “калон шудан”-у “қаҳрамон шудан” барои ҳар давру замон куҳнагӣ надорад. Ҳар замон қаҳрамони худро дорад, тифл хоҳ дар асри 19 калон шуд, хоҳ дар асри 20 ё 21 орзуи ба камол расидану қаҳрамон шудан мекунад. Ва ба ҳамин монанд ҳама шеърҳои ӯ замони мушаххас надоранд, Миршакар дар асри ХХ зиста, барои бачаҳои ҳар давру замон эҷод кардааст.
Мисаид Миршакар аз шоирони тавонои асри ХХ, аз ҳамсафон ва ҳамнафасони устод Мирзо Турсунзода буд. Аз ҷумлаи шоиронест, ки шеъру достонҳояш миёни хонандагон маҳбубияти хос доранд. Аз он ки хеле содаву равон менавишт, шеърашро зуд аз бар мекарданд ва онҳо дергоҳ фаромӯш намешаванд.
Мирсаид Миршакар 23-уми апрел (6-май) соли 1912 дар деҳаи Сидневи ноҳияи имрӯзаи Шуғнон дар хонаводаи марди деҳқон ва чорвопарвар дида ба олам кушодааст.
Мактаби ибтидоиро дар деҳаи Поршнев хондааст ва сипас дар мактаб-интернати Хоруғ таҳсил кардааст. Аз ҷумлаи ҷавононест, ки дар сохтмони замон-неругоҳи барқии Вахш кор кардааст ва ба ин сохтмон як достони худро бо номи “Парчами озодӣ” бахшидааст.
Соли 1930 мактаби марказии ҳизбиро хатм кардаву муддате дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор кардааст. Муддати дигар муҳаррири рӯзномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” будааст.
Аз соли 1937 котиби масъули рӯзномаи “Васияти Ленин”, аз соли 1940 то 1943 котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1946-1959 Котиби масъули Иттифоқи нависандагон ва ҷонишини мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон будааст.
Барои достонҳояш “Қишлоқи тиллоӣ” ва “Панҷи ноором” соли 1950 ба дарёфти ҷоизаи Сталин ноил шудааст.
Соли 1962 унвони Шоири халқи Тоҷикистон гирифтааст. Соли 1972 сазовори ҷоизаи Комсомоли ленинӣ шудааст.
Дорандаи ду ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени “Нишони фахрӣ” ва соҳиби медали ифтихории “Муборизи сулҳ” (аз Кумитаи ҳифзи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ) мебошад.
Мирсаид Миршакар якуми августи соли 1993 дар шаҳри Душанбе дида аз олам барбаст.
Инак, чун муште аз хирвор се шеъри ӯро дар зер меорем ва аз хонандагони ҷавони худ хоҳиш мекунем барои мутолиаи шеърҳои бештари ин адиби тавоно ба Китобхонаи миллӣ оянд ва ашъори дигари ӯро мутолиа намоянд.
Мурча
Мӯрча марди меҳнатдӯст,
Меҳнат ӯро виҷдон аст.
Дар васфи ӯ чӣ гӯям,
Ӯ машҳури ҷаҳон аст.
Агар ҷисман дар ҷаҳон,
Мӯрча калонтар мебуд,
Ҳатто куҳи хороро,
Чаппагардон менамуд.
Доно кисту нодон кист?
Ҳар кас нахонад,
Ҳар кас надонад,
Номаш нодон аст,
Кораш вайрон аст.
Ҳар кас бихонад,
Ҳар кас бидонад,
Номи ӯ доност,
Кори ӯ аълост,
Дасти ӯ болост.
Гули шому саҳар
Гуле дорам аҷоиб,
Аҷоибу ғароиб.
Шому саҳар хандон буд,
Вақти пешин гирён буд.
Ҳамин ки шаб даромад,
Ранги рӯяш дигар шуд.
Аз ин сабаб номи ӯ,
Гули шому саҳар шуд.
Ин се шеър аз китоби “Ҷӯробҳои гулдор”, интихоб шуд, ки нашриёти “Маориф” соли 1980 чоп кардааст.
Дар ин китоб қатори шеърҳои зиёди бачагона боз достонҳои машҳури ӯ “Мо аз Помир омадем”, “Киштии орзу”, “Чистонҳои Бобосалом” низ чоп шудаанд.
Китобро аз Китобхонаи миллӣ таҳти рақами библиографии 167023 метавонед пайдо кунед ва мутолиа намоед.