Шуъбаи такмили адабиёт дар шамоҳаи аввали соли 2015

Кормандони шуъбаи такмили адабиёт 2042 нусха (842 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 399 нусха нашрияҳои гуногунро қабул ва ба қайд гирифтаанд ва ба ҳамаи ин китобҳо барга навишта, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол кардаанд. Баргаҳои аз рўи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр ба танзим дароварда шуда, ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд. 
6351 адад рўзномаҳои обунавӣ ва ҳатмӣ (ҳатмӣ - 2958, обунавӣ - 3393) ба қайд гирифта шуданд. Илова бар ин, 3680 лифофа ворид шуд. 312 адад маҷаллаи нусхаи ҳатмӣ ва 446 дона маҷалла аз сарчашмаҳои гуногун  муҳр зада, дар феҳристи шуъба ба қайд гирифта шуд.
Дар ин ним сол аз ҶДММ «Дониш ДК»-1196 нусха адабиёт ба маблағи умумии   88532,56  сомонӣ,  аз  нашриёти “Адабиёти бачагона”- 397 нусха ба маблағи умумии – 4126,69   сомонӣ,  аз  шаҳрванд Раҳмонов И. - 23 нусха адабиёт ( аз он ҷумла- 10 дастхат)  бо маблағи умумии- 24200 сомонӣ харидорӣ ва ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷониби САҲА, Сафоратхонаи Чин, Маликаи Тайланд, “Интрансдорнаука”, “Ройзании фарҳангии Эрон”, пайвандони академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон И. Соатов, Наврўзов, аз сарчашмаҳои гуногун ва шахсони воқеӣ – 159541 нусха  адабиёт( аз он ҷумла  149007 нусха ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ) дар шакли туҳфа ба фонди Китобхона ворид шудааст.
Аз захираи мубодилаи байналмилалии байникитобхонавӣ тавассути санадҳо – 1186 нусха адабиёт ворид шуда, мавриди коркарди соҳавӣ қарор гирифт ва баъдан ба фонди умумӣ фиристода шуд. Аз кишварҳои гуногун тавассути мубодилаи байналмилалии  байникитобхонавӣ   27 нусха адабиёт  ба қайд гирифта шуд. 
 Тибқи мактубҳои воридшуда аз ташкилоту ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40493 нусха адабиёти гуногун аз захираи мубодилавии эҳтиётии  Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон  тавассути  санадҳо тақдим карда шуд. Ба 6159 нусха адабиёти коркардшуда рамз часпонида шуд.
        Толори адабиёти тиб ва табиатшиносӣ, ки бахши дигари шуъбаи хизматрасонӣ мебошад, дар тўли шаш моҳи соли ҷорӣ ба 7157 хонанда хизмат расонидааст, ки онҳо 7799 нусха адабиёти соҳавиро истифода  кардаанд. 
Таҳлили фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон дод, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 71965 нафар хонанда пазируфта шудааст. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бошад ба узвияти Китобхонаи миллӣ 7818 хонанда қабул шуданд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2014-ум 686 нафар камтар аст.

Толибилмони макотиби миёна фаъолтарин узви Китобхона

Таҳлил нишон дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон бештар аз дигарон хонандагони мактабҳои миёнаи пойтахт майл ба китобхона кардаанд. Дар ин муддат аз ҳисоби ин афрод Китобхонаи миллӣ 1980 аъзои нав пайдо кардааст. 
Аз Донишгоҳи милии Тоҷикистон 1248 нафар соҳиби корти узвият шудаанд, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино 1127, аз миёни хонандагони коллеҷҳо ва литсейҳо 762, аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон – 311, аз Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ 284, аз Донишкадаи давлатии забонҳо 217, аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 194, аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон  179, аз Донишгоҳи аграрӣ 166, аз Донишкадаи молия ва иқтисод  111, аз Донишкадаи исломӣ 100...сафи хонандагони Китобхонаро пур кардаанд.  
Дар ин муддат 538 нафар низ ба қайд гирифта шудаанд, ки мансубияте ба муассисаҳои илмиву омӯзишӣ ва корхонаву муассисот надорад. Сафи хонандагон аз ҳисоби маъюбон 8 нафар, аз ҳисоби табаъаи хориҷӣ 54 нафар ва аз ҳисоби коргарон 18 нафар афзудааст. 
Теъдоди вуруди хонандагон ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводҳои мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта афзудааст ва тибқи дархосташон ба онҳо 198550 адад китоб дар мавзуъҳои гуногун пешниҳод шудааст.  Танҳо толори хониш дар ин шаш моҳ ба 42851 нафар хизмт расонидааст.

Барчаспҳо: