ШУЪБАИ ТАКМИЛИ АДАБИЁТ

Такмили  адабиёт  соли 1936  ҳамчун  шуъбаи  мустақил ташкил  гардид. Ба  шуъба ҳамасола  зиёда аз 30.000  ҳазор нусхаи  чопӣ ва дигар маводҳои зарурӣ барои захираи  Китобхона ворид  мешавад. Фаъолияти  шуъба  ба  пуркунии  захираи  Китобхонаи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  китобҳои  ватанӣ  ва  қисман  нашрияҳои  хориҷӣ равона  шудааст.

Вазифаҳои  асосии  шуъба аз инҳо иборатанд:

•    мукаммал  гардонидани  захира  бо  ҳуҷҷатхо ба  ҳама  намуди  маълумот  ва  ахбори  ватанӣ;
•    ташаккули захираи  ҳуҷҷатхое, ки  аз  давлатҳои  хориҷи  дур  ва наздик  бо  назардошти  арзиши  илмӣ,  иттилоотӣ, таърихӣ ва  бадеӣ ба китобхона ворид гардидаанд;
•    пур  кардани захираи  эҳтиётӣ  ва  захираи  байниабонементӣ  барои  мубодилаи  байналхалқӣ, байниҷумҳуриявӣ  ва  тақсимоти  нашрияҳои  такроран  чопшуда  ва  ғайрисоҳавӣ;
•    ба ҳисоб гирифтани  хуҷҷатҳое, ки  ба  захираи  китобхона  ворид   ва аз  он хориҷ  мешаванд;
•    роҳандозии  ҳисоботи  захираи  китобҳои  китобхона.

Дар  ҳайати  шуъба  бахши  захираи  эҳтиётӣ – мубодилавӣ  фаъолият  мекунад.
Манбаъҳо:
Дар  шуъба  картотекаи  нашрияҳои  кишваршиносӣ,  картотекаи  нашрияҳои  даврӣ  мавҷуд  аст.
 Тартиби  кор: ҳамарӯза  аз  соати  8°° то соати 17°°  
Мудири  Шуъба:    Мусофирова  Зулфия  Собитовна
Телефон барои иртибот:  221-04-72

Шуъбаи такмили адабиёт дар шамоҳаи аввали соли 2015
Шуъбаи такмили адабиёт дар нуҳ моҳи соли 2015

Барчаспҳо: