70 – соли чопи як китоби устод Садриддин Айнӣ

 Дар  Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон   таҳти  шумораи  50706  китобе маҳфуз аст, ки  «Садриддин  Айнӣ” ном дорад ва он асарҳои мунтахаби абарустод мебошад, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон соли 1949 чоп кардааст. Аз чопи он  70 сол  сипарӣ  гардид.

 Китоби мазкур замоне интишор ёфт, ки устод Айнӣ дар ҳаёт буд ва яқинан худи ӯ панҷ асари маъруфашро зери унвони “Асарҳои мунтахаб” мураттаб намуд. Дар саҳифаи аввали он мехонем: “Нашриёти  давлатии  Тоҷикистон  ин  маҷмўаи  «Асарҳои  мунтахаб»- и  нависандаи муҳтарам Садриддин Айниро ба муносибати юбилеи 70-солагии таваллуди  муаллиф нашр мекунад”. Устод Айнӣ соле пеш 70-сола шуда буд ва китоб ба таъхири як сол интишор  ёфтааст.   

 Асарҳои  мунтахаб  шомили  повесту  қиссаҳои  «Мактаби кўҳна» «Аҳмадии  девбанд »,«Марги  судхўр», «Ҷалолиддини Бухоро »  ва «Одина»  мебошад.

 Дар  таърих , рушд  ва  такомули ҳар миллат шахсиятҳое  дида  мешаванд, ки хидматҳои  мондагор  ва сарнавиштсозе   аз худ  ба ҷой гузоштаанд. Ба  бахти  миллати  тоҷик  тақдир Садриддин Айниро  ато кард, ки воқеан барои пойдори  ва  рушду такомули миллат ва забон фидокориҳои беназиреро   анҷом дод.

 Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ин хидматҳои  бузурги  устоди  равоншод  Садриддин Айниро  арҷ  гузошта,  нахустин  шуда унвони  олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро ба ў сазовор донист.

 Сарнавишти Садриддин Айнӣ беҳтарин китоби омӯзандаест ва ҳар саҳифаи ин китоби хона бидуни шак раҳнамои касонест, ки мехоҳанд роҳи ҳақиқатро дарёбанд. Айнӣ умре бо як ҷаҳон умед ба сӯйи ояндаи гом мезадааст, ки номаълум буд, вале медонист, ки паси ҳар торикӣ як равшанӣ падидор аст.

Зиёд дар бораи тарҷумаи ҳоли устод Айнӣ-Қаҳрамони Тоҷикистон ҳарф намезанем, чун як навиштаи муфассале ИН ҶО ва боз ДАР ИН матлаб дорем, ки мутолиаи онро бароятон тавсия мекунем.

Китобе, ки дар борааш ҳикоят шуд, дар  Китобхонаи миллӣ таҳти рақами 50706 нигаҳдорӣ мешавад ва иштиёқмандон метавонанд онро чун китоби 70 соли пеш варақ зананд.

  «…Китоб  аст ,ки  таърихи  тамаддуни  башарӣ, дурдонаҳои  назми  ҳазорсолаи  мо , достонҳо  ва илму  дониши  даврони  бостони, хираду  заковати  наслҳо  ва халҳоро зинда  нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат  роҳи  мардумонро  равшан  сохта , боиси  ҳастиву  пойдории миллат, таърих, забон ,адабиёт ва фарҳанг  гардидааст…»

                                                                                         Э. Раҳмон

Меҳрангез Муҳаббатова,

 мутахассиси пешбари
Маркази такмили ихтисос.

Барчаспҳо: