Ҳабиб Аҳрорӣ: тарҷумон, нависанда, луғатсоз

Аз марги нобаҳангоми мутарҷими шинохта Ҳабиб Аҳрорӣ 35 сол сипарӣ шуд. Агар умр вафо мекард, имсол садупанҷсола мешуд. Ҳабиб Аҳрорӣ беҳтарин повесту румонҳои машҳури адабиёти ҷаҳонро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Шоҳкории Лев Толстой “Ҷанг ва сулҳ” низ бо заҳмати вай тоҷикӣ чоп шудааст.

Ҳабиб Аҳрорӣ 15 августи соли 1913 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар оилаи қаннод чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мутарҷим, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Соли 1941 Факултаи забон ва адабиёти русии Институти педагогии Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро худи ҳамон сол ҳамчун корманди Нашрёти давлатии Тоҷикистон оғоз намудааст.

Ҳабиб Аҳрорӣ солҳои 1942-1948 дар сафи Артиши Сурх хизмат кардааст ва ҳамчунон ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) номи худро дар таърих сабт кардааст. Вай солҳои 1948-1950  муҳаррири радиои Ўзбекистон, солҳои 1950-1955 тарҷумони адабӣ ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон, солҳои 1955-1977 ҳамчун ходими калони илмӣ ва баъд мудири сектори тарҷумаи Инсититути таърих кор кардааст.

Аввалин тарҷумаи бадеиаш “Гуливер дар байни лилипутҳо”- и Ҷ. Свифт (1936) буд. Аҳрорӣ як силсила осори адибони классикӣ ва советии рус “Моҷарои Иван Иванович ва Иван Никифорович” ва “Шинел” – и Н. В. Гоголь (1952); “Торумор” (1949) ва “Гвардияи ҷавон” – и А. Фадеев (ҷ.1 1954); ҳикояҳои И. Тургенов, М. Горький, А. Чехов, А. Толстой (1964 - 1968); “Қисмати одам” – и М. Шолохов (1958); “Ҷанг ва сулҳ” – и Л. Толстой (1953 - 1962) ва ғайраро тарҷума кардааст. Тарҷумаи тоҷикии як силсила осори адибони ғарб – Балзак, Волтер, Алфред де Мюссе, Гюго, Мопасан, Стендал ва ғайра ва адибони халқҳои шӯравӣ – Ойбек, Ғ. Ғулом, Ч. Айтматов, И. Шамякин, Ф. Пестрак, А. Олимҷонов ва дигарон ба қалами Аҳрорӣ тааллуқ дорад.

Ҳабиб Аҳрорӣ бо 3 ордени “Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, ордени “Ситораи Сурх” ва 8 медал мукофотонида шудааст. Аз марги нависанда Ҳабиб Арорӣ 35 сол сипарӣ шудааст, яъне вай 30 ноябри соли 1983 чашм аз олами ҳасти пўшидааст.

Ҳабиб Аҳрорӣ муалифи маҷмуаи ҳикояҳои “Тўйхўрии мўйсафедон” (1984) мебошад. Инчунин дар мураттабсозӣ ва таҳрири “Луғати русӣ - тоҷикӣ” (1985) ширкат дошт.

Бо истифода аз “Энциклопедияи советии тоҷик”. – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С. 338-339

Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҳабиб Аҳрорӣ метаовн хонд:

Тўйхўрии мўйсафедон. –  Душанбе: Ирфон, 1984. – 160 с.

Ҷўрагӣ: Ҳикоя // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1967. – 3 феврал.

Мулоқоти охирин: Аз дафтари хотира // Садои Шарқ. – 1967. – №7. – С. 49-59.

Аз ҳикояҳои Қорӣ – поччо // Садои Шарқ. – 1977. – №7. – С.43-55.

Вохўрии ошолуд : Ҳаҷвия // Паёми Истаравшан. – 2018. – 16 апрел.

Тарҷумаҳо

Гайдар, А. Ҷек ва Гек / Тарҷумаи Ҳ.Аҳрорӣ. – Сталинобод. – 1947. – С. 67

Айтматов, Ч. Роҳи каҳкашон: Повест ва ҳикояҳо / Тарҷумаи Ҳ.Аҳрорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 462 с.

Шамякин, И. Баҳорон: Ҳикоя / Тарҷумаи Ҳ. Аҳрорӣ // Садои Шарқ. – 1967. – №10. – С. 80-88.

Олимҷонов, А. Корвон меравад сўи офтоб: Повест ва ҳикояҳо / Тарҷумаи Ҳ. Аҳрорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 238 с.

Балзак, О. Полковник Шабер: Повест / Тарҷумаи Ҳ. Аҳрорӣ // Садои Шарқ. – 1973. – №11,12. – С. 69-93; 92-113.

Дар бораи адиб:

Шодиқулов, Ҳ. Шогирди мактаби Айнӣ: Ба муносибати 80-умин зодрўзи Ҳабиб Аҳрорӣ // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 9 декабр. Аз рўзи таваллуди тарҷумон Ҳабиб Аҳрорӣ 90 сол гузашт // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 11 сентябр.

Расулӣ, Х. Аз табори оташ: Аз рўзгор ва фаъолияти тарҷимон, адабиётшинос Ҳабиб Аҳрорӣ // Ҷумҳурият. – 2013. – 11 июн.

Зайниддинов, М. Марди майдони сухан: Ба ифтихори 100-солагии мутарҷими маъруф, адабиётшинос  Ҳабиб Аҳрорӣ // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 15 август.

Таҳияи Нилуфар Валиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ