Ҷўрабой Раҷабов: Панҷоҳ соли фаъолияти пурсамар
Донишманди пуркор, китобдору китобшинос, мутахассиси варзидаи соҳа Ҷӯрабой Раҷабов панҷоҳ сол аст, ки заҳмат мекашад. Ва ҳосили ин заҳматҳо даҳҳо номгӯ китобҳои библиографӣ, садҳо мақолаҳо дар нашрияҳо ва албатта, шогирдоне мебошанд, ки имрӯз аз беҳтарин олимону пажӯҳишгарони соҳа ба шумор мераванд.
Ҷўрабой Раҷабов 8 декабри соли 1950 дар деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон таваллуд ёфтааст ва пас аз хатми мактаб-интернати №12-и ба номи Ю.А.Гагарин (ҳаштсола)-и ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд ба Душанбе меояду ба Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоӣ (воқеъ дар ноҳияи Ленин, ҳоло Рўдакӣ) дохил мешавад. Тайи се соли таҳсил ў соҳиби маълумоти миёнаи макхсуси китобдорӣ мегардад ва бо роҳхати Вазорати маданияти ҷумҳурӣ ба Китобхонаи ҷумҳуриявии Тоҷикитстон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ фиристода мешавад. Панҷоҳ сол аст, ки баҳри рушду нумўи Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ ва соҳаи китобдорӣ сарф намудааст.
Ҷўрабой Раҷабов соли 1973 ба шўъбаи ғоибонаи факултаи китобдории Донишкадаи давлатии маданияти Маскав дохил мешавад. Таҳсил ва дарсҳои пурмўҳтавои олимони варзидаи риштаи китобдорӣ барои ташаккули чаҳонбинии илмию касбии Ҷўрабой Раҷабов шароит фароҳам оварданд. Ў пайваста меомўхт ва кўшиш мекард, ки ҳарчи бештар дар ҳаллу фасли масоили мубрами соҳа ширкат варзад ва барои беҳтару ҷоннок намудани фаъолияти китобхонаҳои оммавӣ, омўзиш ва тарғиби таҷрибаи муфиду пешқадами китобхонаҳо, нишонрас ва натиҷабахшии чорабиниҳои доиршаванда, ҷорӣ намудани усулу равишҳои самарабахши хадамоти китобдорӣ дар байни аҳолӣ дастурҳои методии "Мавод ба ёрии кормандони китобхонаҳо оиди гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ" (1973), "Норак - иншооти бузург" (1973), "Аҳмадҷон Ҳамдӣ" (1975), "С. Айнй - асосгузори адабиёти советии тоҷик" (1977), "Китобхона ва кишту кори баҳорӣ" (1980), "Тавсияҳои методӣ оиди адабиёти табиатшиносӣ ва муҳофизати табиат" (1983), "Ҷашнномаи адибони мо" (1981), "Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нависандагони советии тоҷик" (1990), "Вориси Хайём" (1991), "Тарғиби осори бебаҳои ниёгон дар китобхонаҳо" (1994), "Осори адибони муосири тоҷик дар китобхонаҳо" (1997), "Тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2000) ва дигарро ба табъ мерасонад.
Вай ҳамчун методист ба омўзиши таҷрибаи пешқадами китобдорони китобхонаҳои давлатҳои Русия, Украина, Қазоқистону Қирғизистон пардохта, онро дар китобхонаҳои Тоҷикистон ҷорӣ намуд ва дар рушду нумўи соҳаи китобдории кишвар саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо кўшиши ў ва ҳамкасбонаш ҷобаҷокунии нуқтаҳои китобхонаҳо дар маҳалҳо ва мутамарказонидани маҷмўи китобхонаҳои Тоҷикистон ба сомон расонида шуд, ки дар натиҷа фароҳамоварии махзани китобхонаҳо, ташаккули дастгоҳи маълумотдиҳию библиографӣ, ҷалби хонандагон ба китобхонаҳо ва роҳбарии корҳои методӣ равнақ дода шуд. Бо саъю кўшиши ў беш аз 300 дастуруламалҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тавсияномаҳои соҳаи китобдорӣ ба тавсиб расиданд, ки имрўз ба онҳо китобдорон такя ва кор мебаранд.
Ў ба хайси мудири шуъбаи илми методӣ (1978-1992) на танҳо дар таҳия ва вироиши дастурҳои методӣ саҳм гузоштааст, балки боз ба омўзишу тарғиби таҷрибаи муфиду пешқадами китобхонаҳои ҷумхурӣ кўшиш ба харҷ додааст. Тавассути мақолаҳои "Ҷамъиятчиёни китобхонаи пешқадам" (1973), "Сафи китобдўстон меафзояд" (1979), "Вазифаи фахрии китобдорон" (1980), "Мададгор" (1982), "Ғамхорӣ" (1982), "Машъалафрўзони маърифатгоҳ" (1982) ва амсоли инҳо ў вазъи хадамоти китобхонавии аҳолиро баррасӣ намуда, нақши китобхонаҳоро дар тарғиби адабиёти пурмазмуну баландғоя мавриди таҳлил қарор додааст.
Ҷўрабой Раҷабов ҳамчунин дар омўзиш ва тадқиқи масоили муҳим - хадамоти китобдорӣ ба аҳолии хурдсоли ҷумҳурӣ, вазъи фаъолияти китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ ва натиҷаи самарабахшии чорабиниҳои доиркардаи ин китобхонаҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мақолаҳои "Маърифатгоҳи кўдакон" (1984), "Китобхона ва тарбияи ҷавонон" (1985), "Ба хонандагони хурдсол дар бораи устод" (1987), "Ба бачагон дар бораи шоир А.Лоҳутӣ" (1987) мулоҳизаҳои ҷолиб баён кардааст.
Ў барои ҳамаҷониба тарғиб намудани осори адибон Шодон Ҳаниф, Ҷамолиддин Тошматов, Лоиқ Шералӣ, Алӣ Бобоҷон ва Убайд Раҷаб дастурҳои "Ҳамқадами замон", «Ҷамолиддин Тошматов…», «Вориси Хайём», «Тарғиби Алӣ Бобоҷон дар китобхонаҳо» ва "Шоир, китобхона ва кўдакон»-ро таҳия намудааст ва ба китобдорон маслиҳатҳои муфид пешниҳод кардааст.
Ў аз соли 1996 бо кормандони шўъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ ба омода ва интишори «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 1996-2000) пардохта, баъдан барои таҳияи дастури умумибиблиографии «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2003-2009) ҳамчун мураттиб ва муҳаррир бевосита саҳм гирифтааст.
Ҷўрабой Раҷабов дар таҳия ва таҳрири дастурҳои мухталифи библиографӣ низ саҳм гузоштааст. Доир ба осори илмӣ, илмию методӣ ва библииографии олимон ва мутахассисони риштаи китобдорӣ дастурҳои шарҳиҳолию библиографии "Ҷўраев Ислом Акрамович" (1989), "Тарғиботчии китобхонаҳои бачагона" (Нуриддин Давлатов, 1990), "Василий Георгиевич Белан" (1990), "Юнусов Абдуллоҷон" (1987, 1997, 2007)-ро мураттаб ва ба табъ расонидааст. Китобномаҳои таҳиякардаи ў "Ҷамъияти дўстодорони китоб ва китобхонаҳои шахсии Тоҷикистон дар матбуот" (1986), "Таърихи варзиши Тоҷикистон" (1997), "Давраи тиллоии тоҷикон" (1999) дар пажухишу интихоби адабиёти зарурӣ кўмак мерасонад.
Дар давраи ба ҳайси муовини Раиси Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кору фаъолият карданаш (1992-2012) корҳои илмию нашрии он равнақ ёфт ва натиҷаи дастовардҳо тавассути мақолаҳои проблемавӣ дар матбути кишвар инъикос шуданд.
Ҷўрабой Раҷабов дар қатори пажўҳишу тадқиқи соҳаи китобдорӣ ба тарбияи кадрҳои китобдорӣ низ саҳм гирифта, ҳамчун омўзгори калони факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба донишҷўён солҳои зиёде дарс гуфтааст ва даҳҳо шогирд ба камол арсондааст, ки иддае дар соҳа шахсони маълуму маъруфанд..
Ў дар 42 конфронсҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва семинар - машваратҳои кормандони китобхонаҳо фаъолона ширкат варзида, нисбати беҳбудии фаъолияти кори китобхонаҳо гузоришҳои ҷолиб баён намудааст.
Ў аз рўзҳои аввали таъсиси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ (соли 1974) ҳамкорӣ намуда, асару дастурҳои методию библиографии «Ҳамқадами замон» (1991), «Шоир, китобхона ва кўдакон» (1992), «Давраи тиллоии тоҷикон» (1999), «Табиат ва кўдакон» (2002), «Фурўғи маърифат» (2007), «Чор фасли соли кишвари соҳибистиқлоли ман – Тоҷикистон» (2007, ҳаммуаллиф Қ.Авғонов), «Нашри китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005, ҳаммуаллиф Қ. Авғонов), «Тарғиби осори Алӣ Бобоҷон дар китобхонаҳо» (2006), «Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» (2008), «Китобхонаи давлатии бачагона ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» (2009, ҳаммуаллиф-таҳиягар Қ.Авғонов), «Консепсияи хадамоти китобдории кўдакону наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ - оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009, ҳаммуаллиф-таҳиягар Қ. Авғонов), Оинномаи муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» (2012), «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» (2013), -ро ва ғайра саҳми муносиб гузоштааст. Ҳоло ин марди кордида ба ҳайси мудири шуъбаи маълумотдиҳию библиографии Китобхонаи чумҳурявии илмӣ-тиббии Тоҷикистон кору фаъолият дорад.
Бо намунаи асарҳои ин китобшиноси маъруф ин ҷо ошно шавед:
Намунаи асарҳои Ҷӯрабой Раҷабов
Юлчибой Мусоев,
муовини сардори такмили ихтиссоси КМТ