Чунин ном дошт чорабинии сиёсӣ-оммавӣ, ки имрӯз бо ташабусси Ташкилоти ибтидоии “Китобдор”-и ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” баргузор гардид. Муовини Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Салима Раҷабова мақсаду мароми чорабиниро шарҳ дода, қайд намуданд, ки ҷавонон дар пешрафту шукуфоии меҳани азиз саҳми арзанда доранд.
Салима Раҷабова ҳамчунин иброз намуд, ки бо шарофати эълон гардидани 23-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷавонон” як марҳилаи комиле дар худкифоии маънавӣ ва сиёсӣ боз гардид, зеро иқтидор ва нерумандии ҷавонон асли асосие мебошад, ки ташаккул ва такомули ояндаи фарҳанги миллӣ ва ҳар навъ барномаҳои дигари миллиро боло хоҳанд бурд. Яъне, имрӯз ҳисси баланди миллӣ ва хештаншиносии ҷавонон зери мактаби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба он ҳадде расидааст, ки ҳеҷ қувва ва бозӯе наметавонад ба он халал расонад.
Баъдан сухан ба сардори шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ Хайём Амонов дода шуда, ҷавононро ба ин муносибат табрик намуда, қайд кард, ки имрӯз саҳми ҷавонони донишманду лаюқатманд дар пешбурди корҳои ҷамъиютиву сиёсӣ назаррас буда, дар як қатор вазифаҳои баланди қудратӣ ифои вазифа намуда истодаанд, ки ҳамаи ин аз дастгирӣ ва сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат хабар медиҳад.
Дар ин чорабинӣ ичунин номзади илми фалсафа Зебо Зиёева дар мавзўи “Нақши ҷавонон дар равандҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа” суханронӣ кард.
Месазад бигӯем, ки ҷашни “Рӯзи ҷавонон” барои насли даврони истиқлол паёмест ба ояндаи нек ва гомест дар роҳи ободиву созандагӣ ва тақвият бахшидан. Имрӯз дар ҷомеа як фазое баҳри ҷавонони пазиранда вобаста ба савияи дониш ва малакаи худ пешниҳод гардидааст, ки ҷавонон натанҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ, балки дар муассисаҳои сиёсӣ ва хориҷӣ тавони фаъолият доранд. Яъне имрӯз фазое барои ҷавонони шоиста ва сазовар зери мактаби сиёсати Пешвои миллат боз шудааст, ки ҳар як ҷавон бо мизони шоистагии шахсии худ метавонад аз он бархурдор гардад.