Нишасти матбуотии Юрий Бондар-Вазири фарҳанги Беларус дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-05-16 16:18
Юрий Бондар-Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Белорус, ки ҳамакнун ҷиҳати баргузории рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон дар кишвари мо ҳузур дорад, дар як нишасти матбутӣ дар Китобхонаи миллӣ аз рушди равобити фарҳангии кишвараш бо Тоҷикистон ҳарф зад.
Ин нишасти матбуотӣ то зӯҳри имрӯз баргузор шуд ва Шамсиддин Орумбекзода-Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар сухани муқаддамотии худ баргузории Рӯзҳои фарҳангии Белорус дар кишварро падидаи тоза ва умедбахш хонд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар иброз дошт, ки минбаъд ҳамкорӣ бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбад. Вай аз ҷумла гуфт: «Боварии комил дорем, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани риштаҳои дӯстии ду кишвар ва муаррифии санъату фарҳанги ҳарду давлат ҳиссаи арзанда мегузорад».
Юрий Бондар дар идомаи суханрониаш дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳангӣ маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко доир мешавад барои роҳандозии он вазоратҳои фарҳанги ду кишвар талош карданд.
Зимни нишаст Директори генералии «Киностудияи миллии Беларусфилм» Михаил Карачевский ба мардуми тоҷик барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, дар бораи мавҷудияти созишнома оид ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар маълумот дод. Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким меёбад.
Дар нишаст миёни меҳмонон ва хабарнигорон аз равобити ҳасанаи фарҳангӣ миёни ду кишвар табодули афкор сурат гирифт ва Вазири фарҳанги Белорус ва ҳамроҳонаш ба саволҳои кормандони ВАО посух доданд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ Юрий Бондар ва ҳамроҳонаш аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 14 майи соли 2018 дар Хонаи кино Рӯзҳои синемои Беларус дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Раиси Иттифоқи синемогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов оид ба ҳамкориҳои киностудияи «Беларусфилм» ва «Тоҷикфилм» дар гузашта ва дар бораи нақшаҳои оянда, инчунин дар бораи дӯстиву бародарии мардуми ду кишвар ҳарф зад.
Директори генералии «Киностудияи миллии Беларусфилм» Михаил Карачевский ба мардуми тоҷик барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд. Номбурда дар бораи мавҷудияти созишнома оид ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ҳарф зада, иброз дошт, ки минбаъд ҳамкориҳо бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбанд.
Михаил Карачевский ҳозиринро бо фаъолияти «Киностудияи миллии Беларусфилм» шинос намуд: «Мо дар як сол 5- 6 филми ҳунарӣ, 10 - 15 филми анниматсионӣ ва 10-12 филми ҳуҷҷатӣ ба навор мегирем. Дар баробари ин мо кӯшиш мекунем, ки бо киностудияҳои шахсӣ рақобатпазир бошем», - гуфт директории генералии «Беларусфилм».