Маркази «Тоҷикшиносӣ»
13-уми июли соли 2007 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Маркази «Тоҷикшиносӣ» ифтитоҳ гардид.
Мақсад аз ташкили Маркази номбурда баланд бардоштани руҳияи миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳамчун бо тариқи воситаҳои пешрафтаи итилоотӣ (интернет, воситаҳои ахбори электронӣ ва ғайра) муъаррифӣ намудани миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон мебошад.
Бо вуҷуди нақли марказ аз макони тавлиди худ - Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ ба Китобхонаи Миллӣ ҳадафу мақсадҳои он дигар нашуд ва имрӯз ҳам ба хотири муаррифии миллат ба ҷаҳониён бори заҳмат мекашад.
Марказ фарогири самтҳои гуногуни шинохт аз гузашта ва ҳозираи миллати тоҷик буда, муҳақиқони дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд маълумоти мавриди назари худро дар мавзўъоти мухталиф ин ҷо ба даст оранд.
Дар Марказ маводи таърихии фаровоне аз қабили дастхатҳо, нигораҳо ва ашёҳои антиқӣ мавҷуданд, ки пажўҳишгарони дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд дар корҳои илмии худ васеъ истифода намоянд. Ҳамчунин донишмандони мардумшинос аз маводҳои мавҷудаи таърихӣ метавонанд маълумоти фаровоне оид ба гузашта ва имрӯзи миллат ба даст оранд. Илова бар ин, таърихи кулолӣ, заргарӣ, ҳунари биносозӣ ва шаҳрсозӣ, китобат ва нақошӣ ва амсоли инро метавонанд бо кӯмаки ин Марказ дастрас ва мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Масъулони марказ тасмим гирифтаанд, ки дар давоми фаъолияти минбаъда робитаҳои илмӣ ва таҳқиқотиро бо марказҳои таҳқиқотии дохилӣ ва хориҷӣ ба роҳ монанд. Мақсади дигари ин марказ дар амал пиёда намудани робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо ҳамзабонони бурунмарзӣ мебошад. Ҳадаф аз ин талошҳо огоҳии бештари мардум ба вежа ҷавонон аз таъриху фарҳанги гузаштаи пурифтихор ва пурғановати ниёкон ва дар асоси он бунёди ҷомеаи мутамаддин ва дархури ниёзҳои мардуми сарбаланди тоҷик мебошад.
Дар Маркази «Тоҷикшиносӣ» сўҳбатҳо бо донишҷуёни макотиби миёна ва олии кишвар дар робита бо мавзўъоти гуногун дар шакли семинарҳои илмӣ –конфронсҳо, мизҳои гирд мураттабан сурат мегирад.
Ҳамчунин Марказ дар доираи имкониятҳои худ ба муҳаққиқон, пажўҳишгарон ва унвонҷуёни дохилӣ ва хориҷӣ ҳамкории илмӣ дорад.
Сардори Марказ: Алишери Муҳаммадӣ
Тамос аз тариқи телефони 221 04 97
Рӯзу соати корӣ: ҳамарӯза аз соати 8-00 то 17-00
Нуҳ моҳи Маркази “Тоҷикшиносӣ”