Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкории “Пешрафт” ва шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот “Ҷоми Пешрафт-2018” миёни маъюбони шаҳри Душанбе доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани муқаддамотии худ ширкаткунандагонро шодбош гуфт ва ба онҳо бурдбориҳо орзу кард.
Баъдан, Матлуба Солеҳова-Раиси ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкори “Пешрафт” суханронӣ намуд ва дар бораи ҳадафи ин мусобиқот миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд нақл кард. Вай гуфт, ки созмони таҳти роҳбарии ӯ ин гуна сабқатҳоро зиёд ташкил мекунад ва ҳадаф ҷалби маъюбон аст, то онҳо худро дар ҷомеа бегона ҳисс накунанд.
Дар ин чорабинии варзишӣ Дилором Раҳимова-сардори хадамоти Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Фароз”, Хадича Боймуродова-намояндаи Ҳукумати шаҳри Душанбе, Раҷабалӣ Турсунзода-мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Асадулло Зикрихудоев-раиси ташкилоти ҷамъиятии “Имконият”, Илҳом Юнусов-Раиси котиби генералии федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар ин мусобиқа, ки тӯли 5 соат идома дошт, Анвар Ғаниев аъзои шуъба, ҳамчунин муаллими синфҳои ибтидоӣ дар мактаби нобиноёни шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи аввал, Наврӯз Неъматов ғолиби ҷойи дуюм ва Султон Сафаров сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гаштанд.
“Ҷоми Пешрафт-2018” насиби Анвар Ғаниев гашт.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод