Мулоҳизаҳо атрофи Паёми Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-01-04 12:17
Кормандони Китобхонаи миллӣ дар як ҳамоиш бори дигар ба муҳимтарин нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно шуданд. Ин ҳамоиш баъд аз зуҳри дирӯз баргузор шуд ва Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар суханронии муфассали худ роҷеъ ба муҳимтарин бахшҳои Паём ибрози назар намуд.
Профессор Мирализода аз ҷумла гуфт, ки мардуми шарифи кишвар ба анъанаи солҳо роиҷи Паёми сарвари маҳбубашон одат кардаанд ва дар поёни ҳар сол мунтазир мешаванд, ки Пешвои миллат чӣ тарҳҳои наверо барои соли оянда пешниҳод мекунанд. Ва ин тарҳҳо, ки ҳар кадом роҳи торикеро рушан мекунанд, дуриҳои расидан ба мақсадро наздик месозанд, роҳҳои расидан ба фатҳи қуллаҳоеро муайян месозанд, басо зиёданд. Паём барномаи комили рушди ҷомеаи мадании кишвар, тавсеъаи иқтисод, камолоти фарҳангу тамаддуни кишвар ва тарҳи шоистаи муносибат бо олами хориҷ ва бархӯрд бо чолишҳои минтақавиву ҷаҳонист.
Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки Наврӯзи имсол оғози ташаббуси нави глобалии кишвар бо номи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аст ва бино ба хабари Пешвои миллат “вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд”. Тоҷикистон бо вуҷуди он ки ватани обҳои ширин аст ва мушкилоти об камтар дорад, вале бо дарки масъулият пеши аҳли башар мушкилоти об дар ояндаи наздикро дарк мекунад ва ташаббускори чандин иқдомоти байналмилалӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба об аст. Имсол ҳамчунин Тоҷикистон мизбони ширкаткунандагони ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай хоҳад буд.
Ба андешаи профессор Абдусалом Мирализода як бахши муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат ба рушди фарҳанг равона шуда буд. Президенти муҳтарам фармуданд, ки “тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд”.
Сарвари Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки “Пешвои миллат мақсаду вазифаҳои фарҳангро дар “ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ” мебинанд. Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки дар ин даҳ соли гузашта Ҳукумати кишвар барои рушди фарҳанги мамлакат корҳои азимеро ба сомон расонд ва бунёди Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллиро аз ҷумлаи ҳамин корҳои азим хонданд. Ва боз ёдрас карданд, ки дар ин муддат ду театри академӣ аз таъмир бароварда шудаву ҳоло дар кишвар зиёда аз 20 театр “ва қасру марказҳои муосиру муҷаҳҳази фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуданд”.
Ва дар ҳамин росто Пешвои миллат масъалаи рушди сайёҳӣ дар мамлакатро ҷиддан дар миён гузоштанд. Тоҷикистон кишварест, ки зарфиятҳои истифоданашудаи ҷаҳонгардӣ дорад. Манзараҳои дилрабо, табиати дилкаш, обҳои шифобахшу чашмаҳои равон, куҳҳои азиму ёдгориҳои бостониаш бешак муҷиби ҷалби ҷаҳонгардон аст ва лозим меояд ба ин масъала диққати басо ҷиддӣ дода шавад. Ҳамасола барои тараққии соҳа барномаҳои зиёде амалӣ мешаванд, вале ҳоло Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.
Дар идомаи ҳамоиш иддае аз кормандони Китобхонаи миллӣ низ суханронӣ карданд ва Паёми Пешвои миллатро ояндасоз, барномаи комили пешрафти ҳаёти ҷомеа ва таҳкурсии боэътимоди рушди устувор номиданд.