Намоиши китоб бахшида ба солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ

Дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон намоиши китоб ташкил шуд.

Хонандагон акнун метавонанд бо гулчини китобҳо дар мавзуъи иҷлосияи ёдшуда, нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу оштӣ, равандҳои сулҳофаринӣ ва субот дар кишвар ва ғайра китобҳои солҳои мухталиф чопшударо мурур кунанд.

Аз ҷумла, китобҳои Пешвои миллат “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Тоҷикистон: чаҳор соли Истиқлолият ва худшиносӣ”, “Тоҷикистон: даҳ соли Истиқлолият ва худшиносӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳилаи созандагӣ”, Мағфират Юсуфӣ: “Молики фарри каёнӣ”, Абдуфаттоҳ Шарифзода: “Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст”, Мирзошоҳрух Асрорӣ:  “Пешвои миллат меъмори Ваҳдат”, Саидмурод Фаттоҳзода: “Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” ва даҳҳо китобҳои дигар дар маърази тамошо гузошта шудаанд.

Хонандагон метавонанд бо ин намоиши китоб дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

Моҳираи Раҷаб
Суратгир Хусрави Милод

Барчаспҳо: