Абдусалом Мирализода: Қонунмеҳварии мардум кишварро аз қолабҳои шахшудаи хурофотӣ наҷот дод

Бахшида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” субҳи рӯзи 10-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд.  

Директори Китобхонаи миллӣ, профессор  Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ роҷеъ ба қонуни мазкур ҳарф зад ва аз ҷумла гуфт: “Ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештар аз 10 сол сипарӣ гардид. Воқеан татбиқи амалии муқаррароти Қонуни мазкур дар тўли марҳилаи сипаришуда як қатор дастоварду беҳбудиҳо ва камбудию норасоиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ошкор кард. Дар тӯли 10 сол мардуми фарҳангсолор ва меҳнатдўсти тоҷик пайрави қонунмеҳварӣ будани худро собит намуда, дар масъалаи тағйир додани мазмуну муҳтавои зиндагӣ ва қолабҳои шахшудаи хурофотӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд оварданд.

Абдусалом Мирализода ҳамчунин таъкид кард, ки ҷонибдории мардум аз қабули ин қонун бо далелҳо собит шудааст ва имрӯз мо мебинем ва шоҳид ҳастем, ки Қонун дар беҳбуди зисту зиндагии сокинони кишвар чӣ сабукиҳо овард.  Зарурати қабули як қатор меъёрҳои навро таҷрибаи рўзгор, рафти баргузории ҷашну маросимҳо, омўзиши афкори иҷтимоӣ дар байни қишру табақаҳои гуногун ва раванди афзояндаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ матраҳ кард.
 Мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ  Вализода оид ба мақсад ва вазифаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ аст, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вазифаи Қонуни мазкур бошад танзими анъана ва маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Ширкаткунандагон атрофи масъалаҳои мавриди суҳбат қароргирифта табодули афкор намуданд ва андешаҳои худро дар мавриди саривақтиву зарур будани ин Қонун иброз оштанд. 

Фарзонаи МИРЗО
Суратгир Хусрави Милод