Субҳи имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар толори “Ошёни Булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба 22 - солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ таҳкимбахши Истиқлолият» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода дар суханони ифтитоҳии худ ҷамъомадагонро бо рўзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, барояшон хушбахтиҳои беназирро таманно намуд. Директори Китобхонаи миллӣ ёдовар шуд, ки “Бисту ду сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард”.
Баъдан, узви Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев суханронӣ намуд. Адиби номвар хотироти зиёдеро аз он рӯзҳои пурмоҷаро ва талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд овар. Кароматулло Мирзоев аз ҷумлаи адибонест, ки дар ин мавзуъ чандин ҳикояву повесту румон дорад.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди рўзномаи “Адабиёт ва санъат” Раънои Мубориз низ аз сулҳу дӯстӣ ва оштиву муҳаббат ҳарф зад ва аз ашъораш дар мавзуъи Ваҳдати миллӣ намунаҳо қироат намуд.
Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ-фароғатӣ буд. Хонандагон дар васфи Ваҳдат шеърхонӣ карданд ва ҳунармандон ҳунарнамоӣ. Бо таронаҳои хушу дилнишин, устоди санъати тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Файзали Ҳасанов, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Қобилҷон Зарифов, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Шуҳрат Сайнаков ва ансамбли рақсии “Гулрез” ҳунарнамоӣ карданд.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур таҳти унвони «Ваҳдат, Давлат, Президент» намоиши китоб доир гардид.