Адиби маъруфе, ки қариб дар ҳамаи жанрҳои шеъри шеърҳои хуб сурудааст ва аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузоштааст. Бо се забон шеър гуфта ва дар ҳарсе забон муваффақ будааст.
Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ шоир, олим ва маорифпарвари тоҷик соли 1817 дар Бухоро таваллуд шудааст. Мадрасаро дар Бухоро соли 1844 хатм намудааст.
Возеҳ илмҳои таърих, тиб, ҳисоб, фароиз, нуҷум ва ғайраро аз худ карда буд. Ў ба се забон: тоҷикӣ, ўзбекӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Тақрибан соли 1853 ба дарбор ҷалб шуда, баъди ба тахти аморати Бухоро нишастани амир Музаффархон (1860-83) аз дарбор рафт. Пас аз як соли аморати аир Абдулаҳад (1885-1910) Возеҳ ба сафари Ҳиҷоз рафта, соли 1887 ба Бухоро баргашт.
Он чи аз осори Возеҳ то имрўз ба даст омадааст, инҳоянд:
«Тўҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» (соли 1871), ки дар бораи 145 шоир ва олими асрҳои XVIII-XIX маълумот медиҳад;
«Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» (соли 1887), ки аз ёддошти сафари Ҳиҷоз фароҳам омада буд;
«Кони лаззат ва хони неъмат» (соли 1881) аз нону таом ва лаззатҳои тоҷикии давраи муаллиф маълумот медиҳад;
«Ақоид-ун-нисо» (таълифаш пеш аз соли 1883), ки урфу одатҳои хурофотии дар байни занон маъмул бо ҳаҷву тамасхур тасвир шудааст.
Аз осори Возеҳ дар ҳудуди 2400 байт дастрас аст, ки ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа, мухаммас, фард, тарҷеъбанд ва маснавиҳои соддаю равони шоирро дар бар мегирад. Дар ин гуна ашъор Возеҳ ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ дахолат карда, нисбат ба замонаш фикрҳои пешқадам баён намудааст.
Возеҳ дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX мавқеи босазо дорад. Ў соли 1894 дар Бухоро аз олам гузашт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – 1978. – Ҷ. 1. – С. 635-636.
Муаллиф: Т.Неъматзода
Дар Китобхонаи миллӣ аз Возеҳ ва дар бораи ӯ матолиби зеринро метавонед мутолиа намоед:
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ