Гавҳари ноёби китобхона

Замоне, ки дар фабрикаи нассоҷӣ кор мекард, шояд гумон намекард, ки рӯзе китобдор мешавад. Аммо ҳоло мегӯяд ҳамин меҳри китоб буд, ки ба китобхона омад ва ҳам таҳсил намуду соҳиби дипломи китобдорӣ ҳам шуд. Аз қисмат розист, ки муддати 22 сол ҷойи дигар корковӣ нарафт ва дар ҳамин муассиса ба дараҷаи устодӣ расид. Шогирди дирӯз, устоди имрӯз. Солҳо басо зуд мегузаранд...
Гавҳар Олимова 10 марти соли 1963 дар оилаи хизматичӣ ба дунё омадааст.
Ў соли 1981 Мактаби миёнаи №41 шаҳри Душанберо бо баҳои хубу аъло хатм намуда, таҳсилашро дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №28 шаҳри Душанбе  давом додааст.
Баъди хатми ин муассисаи таълимӣ як муддат дар Фабрикаи нассоҷии шаҳри Душанбе фаъолият намуда, аз соли 1997 то айни ҳол дар шўъбаи матбуоти даврии КМТ ҳамчун мутахассис кор карда истодааст.

Дар замони дар китобхона кор карданаш ҳамзамон Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи Буйдоқов-ро дар риштаи китобдорӣ ғоибона  хатм намудааст.
Гавҳар Олимова дар бист соли собиқаи кориаш тамоми нозукиҳои ин касбро омўхта, дар тарбияи кадрҳои ҷавон ҳиссаи арзанда гузоштааст.
Ў борҳо аз ҷониби роҳбарияти китобхона ба ифтихорномаю сипосномаҳо мушарраф шудааст.
Борҳо муштариёни илму дониш барои сатҳи хуби  хизматрасонии Гавҳар Олимова ба роҳбарият КМТ минатдорӣ намудаанд.
Хонандаи ҳамешагӣ Ҳасан Азизов, ки факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, менависад: « Гавҳар Олимова омўзгори варзида, мураббии донишманд ва модари меҳрубону мушфиқ аст. Месазад ўро модари кормандон шўъбаи матбуоти даврӣ КМТ ном барем.»
Баъд аз баҳои баланди хонандаи ҳамешагӣ Китобхона ҳамаи кормандони шўъба Гавҳар Олимова-ро бо номи модар ном медаранд.
Ў воқаан модари мушфиқу  ғамхор аст.
Номбурда соҳиби 5 духтар ва як писар буда, онҳоро сохибмаълумот ва хонадору мустақил намудааст.
Дар  муваффақ шуданаш дар оила ва дар корхона ўро шаҳвари вафодораш Билол Олимов кӯмаку пуштибонӣ намудааст.
Онҳо имрўз яке аз оилаҳои солиму  хушбахт буда, дар иҳотаи 15 нафар ниберагони дустрўяку меҳрубонашон давлати пирӣ меронанд.
Гавҳар Олимова дар ҳакиқат модари мушфиқ ва модари кормандони шўъбаи матбуоти даврӣ буда, нозукиҳои касби китобдорӣ ва ба роҳ мондани хазинаи тиллоии матбуоти давриро дар КМТ ба роҳ мондааст.
Вай Гулсун Шарифова, мудири пешини Шуъбаи матбуоти давриро устоди худ медонам ва мегӯяд: “Ман ин касбро аз устоди сахтгирам собиқ мудири шўъбаи матбуоти даврӣ Гулсун Шарифова омўхта, дар бист соли собиқаи кориям шогирдони зиёдеро тарбия намудаам.
Гавҳар Олимова дар баробари мутахасиси хуб буданаш модари кордидаю ботаҷриба аст. Ў ба шогирдонаш дар рафти кор  ҷузъиёти касби китобдорӣ, ҷобаҷогузори махзани матбуоти даврӣ ва дар лаҳзаҳои холигӣ тарзи муомила, аҳлоқи ҳамида ва мактаби оиладориро меомўзонад.
Ў ҳамеша шогидонашро таъкид мекунад, ки дар оила бо шаҳвар, падару модар ва назикону пайвандони шаҳвар бо эҳтиром бошанд. Боре суҳбати насиҳатомезашро бо шогирди ҷавонаш Манижа Кабирова, ки бо наздикӣ оиладор шуд, шунида ба ў аҳсану офарин хондам.
Хуллоса, кормандони шўъбаи матбуоти даврӣ Нигина  Ахмедова, Саёра Каримова, Нодира Асророва, Мавҷуда Абдуллоева, Мадина Раҳмонова, Толиб Умарҷонов ва Наврўз Холназаров аз мактаби Гавҳар Олимова касб омӯхтаанд, касби китобдорӣ ва одоби баланди инсониву фарҳанги муносибат бо инсон.
Дар охир дар  ин соли ҷавонон ба ин мураббии ҷавонон, модари меҳрубону мушфиқ Гавҳар Олимова тансиҳатию хотирҷамъӣ ва хушбахтию хушрӯзгориро таманно намуда, мегўям, сарат дардро набинад, Гавҳари ноёби Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Ҷалолиддин Нуров,
Муовини мудири шўъбаи
матбуоти даврии КМТ.

Барчаспҳо: