Адиби паҳлавон ва холис

Вай дар рӯзгор ва дар адабиёт ва дар мансаб ба касе ҳасад намебурд ва бахилӣ намекард, вале дар интихоби асар барои маҷалла якрӯ ва сахтгир буд. Асар пухтаву хуб бошад, қабул ва агар хому хатала бошад, рад мекард. Агар мавзӯи ҷолиб ва диди наве дар асаре ёбаду иншояш суст бошад, бо муаллиф нишаста, гаштаву баргашта қалам мезад, то ки ба ифоқае биёварад. Бунёди асар забонзада ва забонаш носуфта ва баёнаш муғлақ бошад, қатъан роҳ намедод, ки чоп бишавад. Аз ин рӯ, муаллифоне, ки ба маҳорати худ хушбин буданд, вале навиштаашон дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп намешуд, Убайд Раҷабро бахил мегуфтанд ва нисбат ба ӯ аз ҳама гуна бадгӯиву бахилӣ ҳазар намекарданд.

Убайд Раҷаб як одами ҳузарби паҳлавон буд.
Паҳлавон ҳам дар қаду қомат, ҳам дар китфу бозу, ҳам дар кори рӯзгор ва ҳам дар таҳриру такмилу тасҳеҳ.

Вай ба ҳар коре, ки даст мезад, хоҳ побел кардани замину задани шохҳои зиёдатии дарахт, хоҳ куштану пӯст кандани гову рондани мошин ва хоҳ таҳрири хабару мақолаву ҳикояву повесту роман сарам диламу ҳарому ҳариш иҷро намекард, балки аз таҳти дил машғул мешуд ва ҳалолу покиза аз даст мебаровард.
Масъулиятшиноси даҳонӣ не, воқеӣ буд.

Адиби минбарие боре аз минбаре лоф зад, ки ҳашт сол муҳаррири рӯзномае будааст ва дар ин муддат аз хабару мақолаҳое, ки барои чоп фиристондааст, сатре нахондааст. Муҳаррир корҳои аз ин заруртар доштааст. Аммо Убайд Раҷаб аз зумраи чунин муҳаррирон набуд. Вай як сатрро нахонда, ба матбаа намефиристонд. Ҳатто медонист, ки шиноснома ва нишони маҷалла дар қолаб рехтагист ва аз қолаб ғалате намегузарад, бо вуҷуди ин, бо ҳар эҳтиёт, бори дигар мехонд.
          Хондани вай бад-ин тартиб буд. Ҳар навиштае, ки ба идораи маҷалла биёяд, аввал як назар мехонд, агар чизи ҷолибе дошта бошад, ба шуъбаи дахлдор мебурд, ки барои чоп тайёр бикунад. Агар чизи ҷолибе надошт, мефармуд, ки ба муаллиф ҷавоб бинависад ва ё бигӯяд. Баъди анҷоми кори шуъба мақолаву назму наср ба дасти ҷонишин ё котиби масъул мерафт. Онҳо ки хонданд, бурда ба муҳаррир медоданд. Муҳаррир Убайд Раҷаб аз як лаб ба хондан сар мекард. Шеър ё романеро пешаш мемонд ва аз оғоз то ба анҷом беқалам мехонд. Сипас, аз оғоз то ба анҷом бо қалам мехонд, ғалатгирӣ ва таҳлил мекард.
Заҳматкаш буд, раҳматӣ.

Вай дар рӯзгор ва дар адабиёт ва дар мансаб ба касе ҳасад намебурд ва бахилӣ намекард, вале дар интихоби асар барои маҷалла якрӯ ва сахтгир буд. Асар пухтаву хуб бошад, қабул ва агар хому хатала бошад, рад мекард. Агар мавзӯи ҷолиб ва диди наве дар асаре ёбаду иншояш суст бошад, бо муаллиф нишаста, гаштаву баргашта қалам мезад, то ки ба ифоқае биёварад. Бунёди асар забонзада ва забонаш носуфта ва баёнаш муғлақ бошад, қатъан роҳ намедод, ки чоп бишавад. Аз ин рӯ, муаллифоне, ки ба маҳорати худ хушбин буданд, вале навиштаашон дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп намешуд, Убайд Раҷабро бахил мегуфтанд ва нисбат ба ӯ аз ҳама гуна бадгӯиву бахилӣ ҳазар намекарданд.
Дар солҳои сармуҳарририи Убайд Раҷаб маҷаллаи «Садои Шарқ» даст ба даст мегашт. Хонандаи бисёр дошт. Адади нашраш ҳам хеле зиёд буд. Чунки вай аз маърака ба маърака не, балки пайваста, аз шумора ба шумора, аз дунболи сифати маҷалла мегашт, асарҳоро мехонду сара мекард, муаллифонро сара мекард, ки аз уҳдаи кадом кор мебароянд ва онҳоро муносибу мувофиқи иқтидорашон кор мефармуд.
          Шуҳрат ва маҳбубияти як нашрия худ ба худ муҳайё намешавад, аз осмон намеояд. Барои таъмини шуҳрат ва маҳбубият заҳмати муддавом ва огоҳона ва эҷодкоронаи аҳли коргарон зарур аст, ки сардор роҳбарӣ мекунад. Убайд Раҷаб ҳамин корро мекард. Вай муносибати ҳар чӣ пеш ояд, хуш оядро намеписандид ва агар баде пеш ояд, пешашро мегирифт. Саҳифаҳои маҷалларо аз таҳияи осори гузаштагон, ба мисли «Доробнома» - и Абутоҳири Тарсусӣ ва «Қиссаи Амир Ҳамза» ва баргардони навиштаҳои муҳаққиқони эронӣ пур намекард. Вай рисолати маҷалла ва масъулияти муҳаррирро мешинохт, ки матбуоти рӯз барои инъикоси воқеияти ҳамин рӯз аст. Ва бо мақсади ба амал овардани ҳамин рисолат заҳмат мекашид ва хидмати ҳалол мекард, ки маҷалла эътибор, мавқеъ ва хонанда дошт.
        Убайд Раҷаб муҳаррири пуркору пухтакору боистеъдод буд. Ғолибан барои бачаҳо шеър менавишт. Шеърҳои тасвирии рӯзгори имрӯзаро менавишт, ки ба фаҳму завқи бачаҳо муносибу мувофиқ аст ва бачаҳо зуд азёд мекарданд. Бачаҳоро дӯст медошт ва дар суҳбату вохӯрӣ бо онҳо бо лаҳни бачагона гап мезад, ки хеле ширину дилчасп садо медод. Бачаҳо шеър хонанд, бо онҳо ҳамовоз мешуд ва ҳамроҳашон ҳамон шеърро мехонд, хоҳ аз худаш бошад, хоҳ аз дигарон.
Ноширон барои бачагон китобҳо чоп мекарданду мекунанд ва ба ҷои ифодаи тоҷикии «Кӯдак», «Бача» ва «Наврас» ба тақлид ба забони русӣ синни томактабӣ, синни мактабӣ ва синни калони мактабӣ менавиштанду менависанд, аммо эҳтиёҷ ба китоби хубе барои бачагон буду ҳаст. Зарурати чунин як китоби ҳоҷатбарор ҳамон солҳо дар сару дили Убайд Раҷаб чарх мезад ва ӯ ташаббускор шуд. Таку дав кард. Нақша сохт. Ҳамфикрон ёфт. Мутахассисону муаллифонро ҷалб кард. Китобе мураттаб шуд бо номи «Тазкираи адабиёти бачагон». Ин китоб дар нашриёт дар панҷ ҷилд аз чоп баромад, ки то алҳол беҳтарин китоби ҷомеъ барои бачагон аст.

Ҳолате шуд, ки талош барои тозагии забон ва ҳусни баён аз шиква ва шикоятҳои даҳонӣ ва кунҷакӣ, ба саҳифаи рӯзномаҳо баромад. Баҳсҳо авҷ гирифтанд, ки забони ҳуҷҷатҳо, китобҳои дарсӣ ва матбуот хароб аст ва мубталои тарҷумаҳои таҳтуллафзии калимаю ибораҳои русӣ шудааст. Минбаъд бо ин ҳолу аҳвол давом бикунад, анқариб аст, ки забони тоҷикӣ бимирад. Забон, ки мурд, миллат ҳам мемирад. Чунки забон рукни асосии миллат аст. Дар айни гармии ҳамин баҳсҳо Убайд Раҷаб дар бобати мақоми забон дар буду боши миллат шеъре бо номи «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме!» навишт, ки аввалин шеъри тоҷикӣ дар ин мавзӯъ буд.

Шеър шуҳрат ёфт. Ба хусус дар Эрон он қадар машҳур шуд, ки рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде чоп карданд ва дар маҳфилҳо «бай - бай» - гӯён мехонданд. Баъд ба ин шеър шоирони бисёре пайравӣ карданд. Такмил ҳам доданд. Комил ҳам карданд. Адабиётшиносони мо ҳамон пайравони муваффақро кошифи ин мавзӯъ дар адабиёти муосир медонанд, ки муътамад нест.

Убайд Раҷаб дар майдони адабиёт адиби холис буд ва барои адабиёт кори холисона кард.

Ӯрун КӮҲЗОД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Баргирифта аз Фейсбук. Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб
Бо талоши Ҳабиб Саид