Доктори илмҳои филологӣ, профессор Холиқ Мирзозода аз ҷумлаи пуркортарин олмони соҳа буд. Аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст ва китобу мақолоташ имрӯз ҳам дар макотиби олии кишвар мавриди истифодаи донишомӯзон қарор дорад.
Холиқ Мирзозода на танҳо ба таҳқиқи равандҳои рушди адабиёти муосир машғул буд, балки худ ҳам повесту роман менавишт.
Мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик Холиқ Мирзозода 11-уми майи соли 1911 дар деҳаи Равонаки шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1935 факултаи адабиёти Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, соли 1935 ба Душанбе омада, ба сифати муаллими мактабҳои миёна, мудири кафедраи Донишгоҳи омўзгории Душанбе, ходими калони илмӣ ва мудири шўъбаи Пажўҳишгоҳи илмҳои омўзгории Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 1958 муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1958-59 директори Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон ва аз соли 1947 мудири кафедраи адабиёти Донишгоҳи омўзгории Душанбе, иҷрокунандаи вазифаи раиси Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти Рўдакӣ, корманди илмии Пажўҳишгоҳи илмҳои омўзгории Вазорати маорифи Тоҷикистон буд.
Аввалин мақолаҳои илмии ӯ соли 1934 чоп шуданд. Доир ба масъалаҳои муҳими адабиёти классикӣ ва шӯравии тоҷик, давраҳои адабиёт, назми гузашта ва имрўзаи тоҷик, ақидаҳои прогрессивии адабиёти форсу тоҷик тадқиқоту мақолаҳои зиёде дорад. Дар масъалаҳои умда ва мубрами адабиёт мақолаҳои зиёде навиштааст, ки дар китобҳои “Андешаҳо дар бораи адабиёт” гирд омадаанд.
Соли 1948 увнвони Аълочии маорифи халқ гирифт, соли 1968 рисолаи докторӣ ҳимоя кард.
Дар таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” (соли 1940) ва “Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик” (соли 1957) ҳамкорӣ намуда, яке аз муаллифони китобҳои дарсии “Адабиёти ватан” (барои синфҳои 5 аз соли 1941), “Адабиёти тоҷик” (барои синфҳои 9 аз соли 1952) мебошад.
Аз соли 1944 узви Иттифоқи Нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Хизматҳояш бо чандин ордену медаҳо қадр шудаанд.
Моҳи декабри соли 1994 дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.
Хонандагони арҷманд дар Китобхонаи миллӣ аз осори ин олими пуркор ва дар бораи ӯ ин китобҳо ва мақолаҳоро метавонанд бихонанд:
Мирзозода, Х. Баъзе фикрҳо дар бораи поэзияи имрўзаи тоҷик // Тоҷикистон сурх. – 1940. – 8 октябр.
Мирзозода, Х. Низомиддин Убайди Зоконӣ // Намунаи адбиёти тоҷик. – Сталинобод, 1940. – С. 117-119.
Мирзозода, Х. Образи бадеӣ чист? . – Душанбе: Ирфон, 1976. – 22 с.
Мирзозода, Х. Айнӣ ва масъалаи мактаб дар ибтидои асри ХХ // Мактаби советӣ. – 1977. – №5 . – С. 26-32.
Мирзозода, Х. Афгори рангин. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 349 с.
Мирзозода, Х. Адабиёти таълим ва тарбия. – Душанбе: Маориф, 1983. – 143 с.
Мирзозода, Х. Дўсти латиф ва шариф: Хотираҳо дар бораи Лутфулло Бузургзода // Омўзгор. – 1990. – 9 октябр.
Мирзозода, Х. Хониши китоб / Барои синфи 3. – Душанбе: Маориф, 1993. – 72 с.
Мирзозода, Х. Аз маънии асл дур наравем: Луғати забони адабиёти тоҷик // Садои мардум. – 2000. – 19 август.
Мирзозода, Х. Сайқали рўи замин: Порча аз роман // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 27 июл.
Дар бораи Холиқ Мирзозода:
Назиров, У. Устоди ғамхор ва олими пухтакор: Профессори илми филология Х. Мирзозода // Газетаи муаллимон. – 1981. – 9 июн.
Мирзозода, Х. Рўҳи таҳқиқ-рўҳи замон: Мусоҳибаи номзади илми филология А. Саъдуллоев бо профессор Х. Мирзозода // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 7 июн.
Икромов, И. Тадқиқоти муҳим: Дар бораи фаъолияти илмию педагогии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илми филология, профессор Х. Мирзозода // Омўзгор. – 1989. – 22 август.
Бобокалонова, Ҷ. Уқобе сўи авҷи фалак парфишон рафт: Ба ёди устод Холиқ Мирзозода // Ҷумҳурият. – 1994. – 22 декабр.
Партов А. Сахтгиру меҳрубон: Хотираҳо дар бораи устод Холиқ Мирзозода // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 3 июн.
Худойдодов, А. Нақши Холиқ Мирзозода дар рушди адабиётшиносони тоҷик: Ба ифтихори 100-солагии адабиётшинос Холиқ Мирзозода // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 5 май.
Худойдодов, А. Муаллими китобҳои дарсӣ: Оиди фаъолияти адабиётшинос Холиқ Мирзозода // Омўзгор. – 2011. – 27 май.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ