Китобхонаи миллӣ: Рӯзҳои ободонӣ ҳамоно идома доранд

Рӯзи истироҳати гузашта, якшанбе чун анъанаи рӯзҳои истироҳати ҳафтаи пеш кормандони Китобхонаи миллӣ худро миёни ҳотаи гулҳо заданд ва бо нарм кардани заминҳову об мондан ба гулҳои шукуфон корҳои ободониро давом доданд.
Кормандони Китобхона бехи гулбуттаҳоро нарм карданд, ҷӯйбори обро аз хасрубаҳо тоза намуданд, алафҳои бегонаро, ки монеъи рушди гулҳо мешуданд, чиданд.
Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз ҳамин лаҳзаҳо ҳикоят мекунанд.

Барчаспҳо: