Наққоши Китобхонаи миллӣ барои баргузории намоиши асарҳояш ба Эрон даъват шуд

Меҳмонони чорумин нишасти руасои китобхонаҳои миллии 10 кишвари ҳавзаи ЭКО, ки охири моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омада буданд, қатори дигар дастовардҳои Китобхонаи миллӣ бо осорхонаи асарҳои рассомии Зокир Собиров шинос шуданд.

Зокир Собиров – наққоши варзида ва ороишгари Китобхонаи миллӣ коргоҳи худро ба сони як осорхона оро додааст ва ҳар касе аз он дидан мекунад, худро дар олами тахайюлоти муаллифи ин наққошиҳои диданӣ тасаввур менамояд.

Дунёи Зокир Собиров дунёест иборат аз рангҳову хатҳо, наққошиҳое, ки дар он ҳар ранг мафҳуми худро дорад ва барои дарки он боястӣ тафаккур кунӣ. Ин дунёи тафаккури зебост.

Ҳамчуноне интизор мерафт, асарҳои наққоши маъруф ба меҳмонон писанд омад ва баъди суҳбат атрофи наққошиҳояш ӯро барои ташкили як намоиш ба Эрон даъват намуданд. 

Ду сол қабл рассоми шинохта дар озмуни санъати тасвирӣ дар шаҳри  Ню - Йорки ИМА дар равияи ПРАЛЛЕЛИЗМ (нурворизм) ширкат кард ва яке аз асарҳои вай бо номи “Бародари ман” соҳиби ҷойи аввал шуда буд. Соле қабл бошад Зокир Собиров ба дарёфти унвони фахрии Академики Академияи Рассомони Русия мушарраф шуд. 

Равияи Нурворизм (параллелизм) - равияи нав дар наққошист. Дар шарҳи ин равия Зокир Собиров мегӯяд: “Нурворизм - ба маънои доштани хатҳои параллелӣ нест, балки он ба маънои аз фазо ва нурҳо иборат будан аст. Дунёи мо, ману Шумо ҳама аз фазо иборат аст. Ин нуқтаи назари ман ва нуқтаи назари нав дар фалсафаи ҷаҳонист. Ғайр аз ин, ман дар санъати тасвирӣ қолабшиканӣ кардам. Саҳнаҳои қафоро дар пеш ва пешро баръакс дар қафо тасвир кардам. Ҳарчанд қолабҳо шикаста шуданд, вале муҳит ва моҳияти он нигоҳ дошта шуд. Аз ин маълум мешавад, ки дар фазо ҳама чиз мувофиқ шуданаш мумкин аст. То ба ҳол касе на дар Тоҷикистон, на дар Осиёи Миёна ва ҳатто на дар ҷаҳон ин равияро намедонад. Ин ҷараёнро ман ба тоҷикӣ «нурворизм» ном ниҳодам. Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ягон муаллиф дар танҳоӣ равияеро пешниҳод накардааст”.

Зокир Собиров мегӯяд ҳамин равияро тақвият хоҳад дод ва умедвор аст дар наздиктарин фурсат пайравони зиёде пайдо хоҳанд шуд, ки онро бо роҳу шеваҳои худ густариш медиҳад.

Фарзонаи МИРЗО