Китоби дарсии Вазири корҳои дохилӣ барои донишомӯзону мутахассисони фаъолияти ҷустуҷӯӣ

Нашри чорумин китоби дарсӣ барои донишомӯзони бахши ҳуқуқи донишгоҳҳои кишвар бо номи  «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» аз чоп баромад. Муаллифи китоб Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро буда, тавре за сарсухани он бармеояд,  “бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ навин омода карда шуда, ҷанбаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад ва дар он назарияи илмии олимони бузурги ин соҳа истифода шудаанд”.
Китоби мазкур ҳамчун китоби рўйимизӣ барои таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси мақомоти дахлдор пешкаш шудааст.
Китоби дарсии “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ” ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омўзгорон унвонҷӯён, вакилони дифоъ, донишҷўён курсантону шунавандагон ва кормандони фавриву муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо  пешкаш мешавад.
Китоб дар шаҳри Душанбе, дар интишороти “Эр-граф” чоп шудааст.

Мавзуна Орумбекова,
Мудири бахши таҳлил
ва ташхиси адабиёт.

Барчаспҳо: