88,8 дарсади хонандагони дар толори хониши матубти даварӣ нашрияҳои давлатиро мутолиа мекунанд. Чунин аст хулосаи як назарсанҷӣ, ки ахиран бо ибтикори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ анҷом гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки 95,5 дарсади ширкаткунандагони ин пурсиш гуфтаанд, ки аз мавҷудияти сомонаи Китобхонаи миллӣ хабар доранд ва аз он истифода мебаранд. Танҳо 4,4 дарсад дар бораи ин сомона иттилоъе надоранд.
Беш аз навад дарсади пурсидашудагон аз хизмати роҳбаладоне, ки Китобхонаро муаррифӣ мекунанд, розианд. 9,6 дарсад гуфтаанд, ки аз ин хизмарасонӣ қонеъ нестанд.
Ҳар рӯз аз толори хониши электронӣ садҳо нафар истифода мебаранд ва чун теъдоди ин афрод хеле зиёд аст, маъмурият реҷаи махсуси истифода аз аз ин толорро таъин крадаанд. 83,7 дарсад афроди пурсидашуда аз вақти барои як нафар ҷудошуда изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Аммо 16,2 дарсади ширкаткунандагони пурсиш, ки ин вақт барояшон кофӣ нест ва бояд маъмурият ба низоми кори ин толор таҷдиди назар кунад.
Ин пурсиш ду рӯз қабл миёни 135 нафар хонандагони толорҳои мухталифи Китобхонаи миллӣ баргузор шудааст. Аксари афроде, ки дар ин пурсиш ширкат карданд(79,2%), донишҷӯён, 8,8 дарсад унвонҷӯён, 5,9% хонандагони мактаб ва 2,9 дарсад бекорон буданд.