Гадобек Маҳмудов: Хонандаи имрӯза донанда ва истифодабарандаи хуби технологияи муосири иттилоотӣ аст
Нашр шуд 2017-01-20 16:45
Сар аз моҳи январи соли равон теъдоди хонандагони Китобхонаи миллӣ ба таври бесобиқа афзуд. Кас ба толорҳои пур аз хонанда назар мекунад ва як манзараи ҷолиберо мебинад. Ҳама саргарми мутолиа, ҳама дар ҷустуҷӯи китобе, ки мехоҳанд бихонанд. Ва кормандони китобхона низ беш аз ҳар вақти дигар серкоранд. Вуруди хонандаи зиёд муҷиби секории китобдорон аст.
Дар суҳбате, ки ахиран бо муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов доштем, пурсидем, ки сабаби афзоиши хонандагони толорҳои Китобхона дар чист?
- Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавию фарҳангӣ пайваста боло меравад. Сатҳи баланди хизматрасонӣ ва роҳандозии технологияи муосири иттилоотӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон боиси афзоиши теъдоди бештари хонандагон гардида, сафи муштариёни он рўз то рўз меафзояд. Ин пеш аз ҳама шароити хуб, муносибати самимонаи кормандон ва сари вақт қонеъ намудани эҳтиёҷоти ба китоб доштаи хонандаро нишон медиҳад. Вобаста ба ин имкониятҳо дар ихтиёри хонандагон толорҳои хониши анъанавӣ, соҳавӣ, кўдакона ва электронӣ қарор дорад, ки бо адабиёти фаннӣ ва компютерҳои бо шабакаи Интернет пайваст шуд, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Барои ҷалби бештари хонандагон ба Китобхона соли гузашта кормандон як иқдоми хуберо зери унвони «Биёед ба Китобхона меравем» ба роҳ монданд, ки натиҷаи хуб овард. Кормандони шуъбаҳои гуногуни Китобхона дар муассисаҳои таълимии пойтахт бо донишҷуёну хонандагон оид ба сохтори Китобхона, равандҳои хизматрасонӣ, таъминоти технологияи муосири иттилоотӣ, курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ, маҳфилҳо ва ғайра маълумот муфассал медоданд. Роҳандозии чунин чорабиниҳо буд, ки ҳоло ба ҳисоби миёна дар як рўз аз Китобхона 2150 нафар истифода мебаранд. Аз аввали соли 2017 то ба имрўз ба ҳисоби миёна ҳар рўз 165 нафар ба аъзогии нави Китобхона пазируфта мешаванд.
Дар байни хонандагон теъдоди зиёдеро донишҷўёни мактабҳои олии пойтахт ташкил намуда, дар байни мактабҳои олӣ бештар аз дигарон донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба китобхона меоянд.
- Муносибати кормандони Китобхона бо хонандагон дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Пешрафти кори китобхона пеш аз ҳама аз муносибати китобдор бо хонанда вобаста мебошад. Китобдор дар муҳити китобхона шахси масъулиятнок аст. Аз ин рў, ба масъалаи муносибат ба хонанда диққати ҷиддӣ бояд дод. Раванди хизматрасонӣ дар шароити имрўзаи ҷаҳони иттилоотӣ аз одобу рафтори касбии китобдори китобхона вобастагии зиёд дорад. Маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсус медиҳад. Пайваста дар байни хонандагон оид ба муносибати кормандон бо ханандагон дар равандҳои хизматрасонӣ пурсишномаҳо гузаронида мешаванд, ки натиҷаи онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Пешниҳодҳое, ки аз тарафи хонандагон барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мегарданд, омўхта ва ба инобат гирифта мешаванд.
- Тафовути хонандагони имрўза нисбати хонандагони солҳои пешро Шумо дар чӣ мебинед?
- Шароити имрўзаи фазои иттилоотӣ дар назди китобхонаҳо вазифаҳои навро мегузорад. Хонандагони имрўза аз хонандагони солҳои пеш ба куллӣ фарқ мекунанд. Пеш аз ҳама онҳо донандагон ва истифодабарандагони хуби технологияи муосири иттилоотӣ мебошанд ва бештари эҳтиёҷоти мустақилона аз китобхонаҳои электронӣ, сомонаҳои гуногуни шабакаи байналмилалии Интернет ва омилҳои дигари иттилоотӣ қонеъ менамоянд. Китобдори имрўза бояд дар баробари хонанда донандаи хуби технология бошад ва дар фаъолияти амалии хеш аз ин дастовардҳо хуб ва оқилона истифода бурда тавонад.
Суҳбати Фарзонаи МИРЗО