Бахшида ба солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Дар он Абдураҳмон Хонов, муаллифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кўдак, Иброҳимҷон Иброҳимов, муовини директори маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, Нигора Норматова муовини директори маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва зиёда аз 80 нафар хонандагон аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Дар сухани ифтитоҳии худ муовини директори Китобхона Гадобек Маҳмудов ҳозиринро бо фарорасии иди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Абдураҳмон Хонов дар бораи фазои озоди кишвари босубот ҳарф зад ва гуфт ин Сарқонун аст, ки озодиҳои демократиро барои ҳар фард фароҳам овардааст. Вай ба хонандагон, ҷавонтарин насли кишвар муроҷиат кард ва гуфт, ки имрӯз ҳама дарҳои донишгоҳҳо ва мактабҳо барои ҳар фард боз аст, Ватан ба шахсони соҳибмаълумот ниёз дорад. Бигзор шумо бо истифода аз фурсат хонед ва оянда соҳиби ватани худ бошед.
Директори маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Иброҳимҷон Иброҳимов таъкид дошт, ки маркази кўдакону наврасони шаҳри Душанбе ҳамеша барои фаро гирифтани кўдакону наврасон ба тарбия дараш боз аст. Кўдакон дар ин марказ ҳам таълиму тарбия ва ҳам аз технологияҳои ҳозиразамон истифода мебаранд.
Ба гуфтаи Иброҳиҷон Иброрҳимов дар Марказ курсҳои ройгони омӯзиши забонҳо амал мекунанд ва даҳҳо нафар дар онҳо иштирок ва дарси забон меомӯзанд. “Ман ин пешравию шукуфоиро аз волоияти қонун, ки аз Сарқонун сарчашма мегирад, дониста, кўдакону наврасонро даъват мекунам, ки ҳамеша ба китобхона омада, китоб хонанд ва хонаи дуюми худро китобхонаи миллӣ донанд”, -гуфт ӯ.
Дар ҷараёни чорабинӣ миёни ширкаткунандагон оид ба Сарқонуни кишвар пурсишу посухҳо сурат гирифтанд.
Хонандагон дар васфи Сарқонун, Ватан, Модар шеъру таронаҳо хонданд.