Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз чунин махзани ҳифзкунандаи арзишҳои фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз соли 1933 то ин ҷониб ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттии осори ниёгонамон машғул аст. Дар байни дастнависҳо ва сарчашмаҳои таърихие, ки то ба ҳол дар Китобхонаи миллӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳифз мешаванд, девони ашъори шоири ширинбаён, яке аз ахтарони тобони адабиёти форсу тоҷик дар асри ХIV Шайх Камоли
Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо доштанд, то мо ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расем.
Ҷамъоварӣ ва ғанӣ гардонии хазинаи миллии адабиёти илмии чопӣ ва намудҳои дигари иттилоот яке аз барномаҳои асосии Китобхона аст. Китобхона дорои дастгоҳи идорӣ буда, сохтори он аз 11 шӯъба иборат аст. Фонди умумии Китобхона зиёда аз 1174700 нусха ҳуҷҷатҳои чопиву электронии доир ба соҳаҳои мухталифи илм ташкил медиҳад. Китобхона хазинаи давлатии
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, таҳким бахшидан ба рушди соҳаҳои гуногуни фарҳанг, алалхусус ба соҳаи китобдор ва китобхонашиносӣ, баланд бардоштани сатҳи фаъолияти китобхонаҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон,
Дар оғоз бояд зикр кунем, ки реклама ҳанўз то милод вуҷуд доштаст, яъне дар ҳар як марҳилаи инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ реклама истифода карда мешуд. Дар Миср ва Юнони Қадим эълонҳои реклама дар лавҳаҳои чўбин навишта мешуданд ва бо пораҳои оҳан ё устухон ороиш дода мешуданд. Инчунин дар он гуна ҷойҳои ҷамъ шудани мардум бо овозӣ баланд дар хусуси ин ё он амал, мол ва хизматрасонӣ дигаронро огоҳ менамуданд.
Агар сатҳи асосии ҳаракати рушди рекламаро дар давраҳои қадим пайгирӣ намоем, муайян
Яке аз суннатҳои неки Наврўз дар гузашта чунин будааст, ки бомдод рўзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошиданд ва шакар ҳадя мекарданд. Суннати об пошидан бо нияти бахти сафед ва покизагиву оромии рўҳу ҷисм ва ҳадяи шакар маънои ширин кардани даҳонро дорад, ки аз ин Наврўз то Наврўзи дигар қалбҳо аз кинаву кудурат пок ва комҳо ҳамеша ширин бошанд. Баъди адои ин суннатҳо ба таҳияи хони наврўзӣ, яъне ҳафт шин ва ҳафт син мепардохтанд ва дар наврўзгоҳҳо ҳамчун рамзи хуршеди оламафрўз гулханҳои бузург меафрухтанд.