нигаҳдории китоб
Махзани китобҳои шуъбаи нигоҳдории китоб бо 805 номгӯй китоб ғанӣ шуд
Нашр шуд 2016-07-12 20:02Дар шаш моҳ 2165 нусха китобҳои фарсуда тармим шудаанд
Нашр шуд 2016-06-24 18:31Шўъбаи нигаҳдории китоб
Шуъбаи нигаҳдории китоб яке аз калонтарин ва қадимитарин шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, он соли 1993 ташкил ёфтааст.
Шуъба дорои 2084571 нусха китоб аст, ки 233738 нусхаи он бо забони тоҷикӣ, 1797975 нусха бо забони русӣ 51858 нусха бо забониа ӯзбекӣ мебошад.
Шуъба аз 40 воҳиди корӣ иборат буда, айни ҳол дар он 9 сармутахассис ва 14 мутахассис, 11 мутахассиси пешбар машғули фаъолият мебошанд.

Забони модарии мо, ки дар даврони истиқлол барои рушду густариши он тамоми имконияту шароит фароҳам шудааст, дар даврони истиқлолият ба муваффақияту дастовардҳои чашмгире ноил шудааст. Забони тоҷикӣ имрўз дар ҳақиқат ба як забони тавонои расмиву коргузорӣ табдил ёфта, тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2) «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Зарфи шаш моҳи охир кормандони шуъбаи такмили адабиёт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи нигоҳдори китоб аз нашриётҳои кишвар бо теъдоди 1549 нусха (805 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 964 нусха (235номгўй ) нашрияҳои гуногунро қабул намуданд.
Диҳиши адабиёт ба толорҳои хониш, абонементи байни китобхонаҳо (АБК) ва дигар шуъбаҳои китобхона дар ҳудудан 6-моҳ 47656 нусхаро ташкил додааст. Кормандони шуъбаи нигаҳдории китоб 2165 нусха китобҳои фарсударо таъмири хурд намуданд.Чунин таъмирҳои хурди китоб дар шуъба доимо карда мешавад.

