Шанбегӣ

Рӯзи тозакориҳо, рӯзи низофат

Имрӯз барои Китобхонаи миллӣ рӯзи поккориву низофат буд.

Аз сари субҳ кормандон гирду атрофи бинои китобхонаро тоза карданд, сабзаҳои хушкидаро аз ҳотаи он чиданд, ҷӯйборҳоро тоза намуданд.

Ба дарахтон об монданд, бехи гулҳоро нарм карданд. Хазони сари роҳу дохили ҳотаро тоза карданд.

Ободонии рӯзи шанбе дар Китобхонаи миллӣ

Ободонии рӯзи  шанбе дар Китобхонаи миллӣ
Дар рӯзи дигари ободонии Китобхонаи миллӣ кормандон бештар ба гулу сабзаҳо таваҷҷуҳ намуданд.
Оғози тирамоҳ аст ва табиист, ки дар фасли хазон дарахтон барг зард мекунанд. Баргҳои заъифу боди хазонрасида якояк ба замин меуфтанд.
Гулҳо низ рӯ ба хазон меоранд. Шукуфаҳо пажмурда мешаванд. Вале ҳамоно вақти сабзишу

Якшанбеи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Дар ин рӯзи истироҳат кормандони Китобхонаи миллӣ барои ободонии саҳни китобхона ва атрофи он ба кор ҳозир шуданд.
Онҳо атрофро тоза намуданд, зери дарахтонро нарм карданд, бехи гулҳоро аз алафҳои бегона тоза карданд.
Рустаниҳои ҳотаи китобхонаро об доданд, ҷӯйборҳоро аз хасу хасрубаҳо тоза карданд.
Ин ҳафта чорабиниҳои вижа бахшида ба Рӯзи китоб доир мешавад ва табиист, ки барои ширкат дар чунин чорабиниҳо аз дуру наздик меҳмонон меоянд.

Ободонии рӯзи шанбе: ба ҳотаи Китобхона қитъаи нави замин ҳамроҳ мешавад

Имрӯз як пора замини дигар дар гӯшаи қитъаи заминҳои ҳотаи Китобхонаи миллӣ побел шуд ва қарор аст дар рӯзҳои наздик онро пурра тахту ҳамвор созанд ва дар кутоҳтарин фурсат ба масоҳати умумии киштзори сабзпӯши ҳотаи Китобхона афзояд.
Гуруҳи дигари кормандон ҳамчунин гулҳоро аз алафҳои печон тоза карданд, бехи гулҳоро тоза намуданд, нарм карданд ва об доданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз саҳни бинои Китобюхонаро

Страницы