Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино “Донишнома”-и нав интишор дод. Ректори Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор М.Гулзода дар сарсухани китоб аз ҷумла навиштааст: Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино китобест, ки хонанда аз он маълумоти зарурӣ ба даст меорад.
Китоб аз ду бахши бузург иборат мебошад. Дар бахши аввал роҳи дар тӯли 80 сол тайкардаи донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфи форсӣ ба қалам дода шудааст. Ин муддатест, ки донишгоҳ ба муваффақияту нокомӣ ва пирӯзию шикастҳо рў ба
Аз 23 август то 7 сентябри с. 2018 кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Д. Довудӣ (сардори экспедитсия), А. Шарифзода (мушовири илмӣ), сармутахассисон М. Сафоев, А. Қаюмзода, З. Назаров ва М.Каримдодов дар ёдгории Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ковишҳои бостоншиносӣ гузаронданд. Бори нахуст ҳамин ҳайат соли 2016 дар ин ёдгорӣ ковиш гузаронда буданд. Бинобар натиҷаи хуб додани ҳафриёти он сол қарор дода шуд, ки омўзиши ин ёдгорӣ минбаъд низ идома дода шавад. Ва идома ёфт, ки натиҷаи он дар китоби “Шаҳраки кушонии Сайёд” гирдоварӣ шуд.
Бостоншиносон собит менамоянд, ки парчам аз аҳди қадим яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон маҳсуб меёфт.Ҳанўз дар даврони гузашта рушди рамзи ливоҳо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвиятёбии корҳои ҷангӣ мусоидат менамуданд. Ливо аслан дар муборизаҳо мавқеи лашкар ва ё макони ҷойгиршавии пешвоҳои ҷангиро ифода мекард. Ба даст давровардани ливои душман одатан маънии рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст додан, аз даст рафтани ливо ифодагари марги сарвар ва ё асир уфтодани ӯро дошт. Ҳамчунин, дирафш нақши даркнамоиро иҷро мекард:
Чунин ном дошт ҳамоиши илмӣ – оммавие, ки қабл аз зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Ин ҳамоиш, ки ба Рӯзи Президенти Тоҷикитсон бахшида шуда буд, бо ташаббуси Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати густардаи донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон доир гардид.
Тоҷикон миёни дигар миллатҳои Осиёи Миёна ягона миллати дорои таърихи бою куҳан буда, ориёинажоданд. Фарҳанг ва тамаддуни ин миллат бою рангин буда, реша дар умқи таърих дорад. Ҳарчанд тоҷикон дар тўли таърих борҳо зери шиканҷа ва истисмори аҷнабиён қарор гирифта бошанд ҳам, ҳифзи фарҳангу маданият ва забони худро афзалтар аз ҷони худ донистаанд.
Халқи дар тўли ҳазор сол аз ҳаққи давлатдорӣ бенасиб