хизматрасонӣ ба муштариён

65 дарсади хонандагони Китобхонаи миллӣ донишҷӯёнанд

То нимаи аввал моҳи декабри соли равон 20 ҳазору 549 нафар хонандагон ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 350 нафар зиёд аст. Аз ин теъдод 3716 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва   2658 тани онҳо хонандагони коллеҷҳо ва литсейҳо мебошанд. Дар миёни донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳама бештар донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ   (1914 нафар) узви

Дар нуҳ моҳ теъоди аъзои нави Китобхонаи миллӣ 11 ҳазору 100 нафар афзуд

Дар нўҳ моҳи  соли ҷорӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ 11 ҳазору 100 нафар хонандагон пазируфта шуданд.  То имрўз ба Китобхонаи миллӣ 94 ҳазору 758 нафар аъзо шудаанд, ки аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи Тоҷикистонанд.
Фонди шуъба  зиёда аз 60133 нусха китоб иборат аст, ки аз инҳо зиёда аз 11835 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва боқимондааш бо забони русӣ мебошанд.

Силсилаи намоишҳои китоб, ки шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён баргузор кардааст

Дар моҳи июл Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон силсилаи намоишҳои китоб бахшида ба санаҳои гуногун доир кард.
Аз чумла, ба ифтихори сулҳ намоише баргузор намуд бо номи   "Рузи байналмилалии сулҳ". Дар он китобҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки аз сулҳ ҳикоят доштанд. Аз ҷумла, аз сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ дар кишвар.
Бахшида ба ҷаҳонгардӣ як намоиши дигар

Моҳи май теъдоди аъзои нави Китобхонаи миллӣ 774 нафар афзудааст

Шуъбаи хизматрасонӣ ба мўштариёни Китобхонаи миллӣ эълон кард, ки теъдоди хонандагони ин боргоҳи маърифат ба 90234 нафар расидааст.
Танҳо дар моҳи майи соли равон 774 нафар ба узвияти китобхона пазируфта шудаанд.
Ба Китобхонаи миллӣ дар моҳи май аз Донишгоҳи миллӣ 96 нафар ва аз Донишгоҳи тибии пойтахт 85 нафар аъзо шудаанд.
Дар ин моҳ аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷӣ 9 нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шудаанд,

Ёде аз Фирдавсӣ, Турсунзода ва Рӯзи ҷавонон дар намоиши китоб (Гузориши тасвирӣ)

Зарфи чанд рӯзи Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ панҷ намоиши китоб баргузор кардааст, ки аз он бештар 700 нафар хонандагон дидан кардаанд.
Намоиши аввал ба бузургдошти Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, бузургтарин ҳамосарои ҳар давру замон бахшида шуда буд.
Дар намоиши дуюм хонандагон бо ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода ошно шуданд. Ин намоиши китоб ба 105-умин солгарди

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ дар як ҳамоиши Китобхонаи миллӣ

Бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар толори тиб ва табиатшиносӣ чорабинӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии тандурустӣ  доир гардид.   Ширкаткунандагон дар бораи бемории диабет бештар суҳбат карданд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 40 нафар донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Салима Раҷабова, ҷонишини Дирктори

Страницы