хизматрасонӣ ба муштариён

Хонандагони мактабҳои миёна бештар аз дигарон узви Китобхона шуданд

Теъдоди аъзои Китобхонаи миллӣ аз оғоз то ба ин дам ба 83 ҳазору 463 нафар расидааст.
Соли равон  21106  нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд, ки нисбат соли 2014-ум 2575 нафар зиёдтар аст.
Аз он ҷумла:
Хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ  -  4249
Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон   –   3108
Хонандагони коллеҷҳо ва литсейҳо  -  2012

Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён дар нуҳ моҳи соли 2015

Зарфи нуҳ моҳи сипаришуда 12 ҳазору 530 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд ва теъдоди ҳамаи муштариён дар ин боргоҳи маърифат ба 76 ҳазору 721 нафар расидааст. Шумори афроди нав ба узвияти Китобхона қабулшуда дар қиёс ба нуҳмоҳаи соли 2014 1074 нафар зиёд аст.   
Теъдоди қабул ба узвияти Китобхонаи миллӣ зарфи нуҳ моҳи сипаришуда ба ин тартиб буд:
1.    Хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ  - 3072 нафар
2.    Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон   – 2243 нафар

Рӯ ба рӯ бо хонанда, адибон дар меҳмонии Китобхона

Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи
миллии Тоҷикистон нишасти хотирмонеро таҳти
унвони “Китоб ва рушди зеҳнии ҷомеа” баргузор
кард, ки дар он шоираи маъруфи кишвар
Латофат Кунҷаева, адиби номвар Юсуфҷон
Аҳмадзода ширкат ва суханронӣ карданд.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхона
дар як сухани муқаддамотӣ дидору мулоқоти
адибон бо хонандагонро бахше аз фаъолияти
китобхонаи миллӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ин

Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён

Аз калонтарин шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ аст, ки барои 126 хонанда ҷойи нишаст дорад. 
Ин шуъба хонандагонро ба узвияти Китобхонаи миллӣ мепазирад ва ҳамаи дархостҳои онҳоро қабул ва раҳнамоӣ мекунад.  
Аз тариқи ин шуъба хонандагон ба истифодаи адабиёт аз фонди умумӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Тавассути феҳристи анъанавӣ ва электронӣ дар бораи захираҳои фонди шуъба маълумот пайдо менамоянд. 

Страницы