Машғулияти тактикии ВКД: "Сӯхтор"-и яке аз толорҳои хониши Китобхонаро "хомӯш" карданд

Кормандони мубориза бо сӯхтор як сенариёи рамзии хомӯш кардани сӯхтор дар як толори китоби Китобхонаи миллиро тамрин карданд.
Ҳафтаи равон тибқи нақшаи хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  як машғулияти тактикии оташнишонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Мувофиқи сенарияи чорабинии мазкур гӯё дар яке аз толорҳои  хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар масоҳати 140 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст.
 Дружинаи идаравии муассиса бо роҳбарии мутахассисони соҳа то ба ҷои ҳодиса расидани оташнишонон аввалин шуда, ба хомӯш намудани сӯхтор ва наҷот додани ҷони одамону арзишҳои молӣ шуруъ намуданд. Баъд аз чанд дақиқа мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса расида, дар як мудати кутоҳ сӯхтори шартиро хомӯш намуданд.
Гузориши ин тамринро аз ин ҷо тамошо кунед.