«Наврўз дар осори адибони ҷаҳон»

Чунин ном дошт Конфронси илмӣ, ки бо ташаббуси шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Покистон ширкат карданд. Дар сухани ифтитоҳии худ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода оид ба таърихи Наврўз, суннатҳои ин оини ниёкон ва фазилати байналмилалӣ эълон шудани он нақл кард. Зимни суҳбат директори Китобхона аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар шуда, пешрафту шукуфоӣ ва созандагии кишварро маҳз аз талошҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон донист. Ҳамзамон, директори Китобхона аз донишҷўёну толибилмон даъват ба амал овард, ки барои тақвият додани донишашон аз ин шароити хуб истифода баранд. Намояндаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ғулом Ҳасан Ҳазратӣ, раиси пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, намояндаи Бунёди Саъдӣ оқои Ҳасани Қарибӣ, ходими калони илмӣ, шуъбаи мардумшиносии Институти таърихи ба номи Аҳамади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмина Шовалиева ходими хурди илмии шуъбаи мардумшиносии Институти таърихи ба номи Аҳамади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маснав Наврӯзбеков суханронӣ карданд ва ҳар кадом дидгоҳҳои худро дар бори Наврӯз ва суннатҳои он баён доштанд. Инчунин дар ин чорабинӣ намоиши китобҳои тозанашри кишварҳои хориҷӣ низ баргузор шуд, ки тамоми иштирокчиёни ин ҳамоиш аз ин намоиш дидан намуданд. Дар охири чорабинӣ иштирокчиён хулосаву андешаҳои худро оид ба баргузории конфронси илмӣ пешниҳод намуданд.