Як соли фаъолияти Китобхонаи миллӣ

Соли 2015 дар Китобхонаи миллӣ 14 ҷаласаи Шўрои илмиву методӣ доир гардида дар он 63 масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Китобхонаи миллӣ, 26 гузориши сардорони шуъбаву бахшҳои Китобхона мавриди баррасӣ қарор гирифта, 38  қарор қабул шуд. Ҷараёни иҷрои қарорҳо аз ҷониби раёсат назорат ва камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ карда шуданд.

Зарфи як сол 182486 нусха адабиёт ба маблағи  умумии  743804,31  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор дода шуд.  

       Теъдоди аъзои Китобхонаи миллӣ аз оғоз то ба ин дам ба 83 ҳазору 463 нафар расидааст. Соли равон 21106 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд, ки нисбат соли 2014-ум 2575 нафар бештар аст.

Соли гузашта теъдоди наврасону хонандагони хурдсол афзудааст, ҳамзамон бо ин толори хониши кӯдакон бо роҳандозии чандин чорабиниҳои вижа барои ҷалби бештари хонандагони ҷавон талошҳои судманд анҷом додааст.

Ба  шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 5223 нафар  истифодабарандагон   муроҷиат  намуданд,  ки  аз  онҳо  447  нафар хонандагони тозааъзоянд. Бо дархости истифодабарандагон 11871  нусха  адабиёт  ба  хона барои  истифодаи  муаққатӣ  дода  шуд.

Маркази иттилооти ҳуқуқӣ дар соли 2015 1091 санади меъёрӣ-ҳуқуқиро, ки дар соли 2015 аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ қабул гардида аст, ҷамъоварӣ намуда,  баъдан  барои ворид намудани он ба сомона омода кард. Шумораи умумии санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, ки нусхабардорӣ гардид, дар соли 2015  2359 ададро ташкил медиҳад.

 Дар давраи ҳисоботӣ ба 65155 нафар хонанда дар толори  хониши электронӣ  хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 25578 нафар хонанда зиёд аст.  Ва 82 дарсади онҳо донишҷӯёнанд.

Ба фонди Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар 108  китобу нота, 71 маҷалла ба толори хониши шуъба, сабти аудиоии рубоиёти Умари Хайём ба Толори маводҳои мусаббат ворид карда шуд.   Ба “Хазинаи электронии мусиқии тоҷик” 102  китоби электронӣ оид ба мусиқии тоҷик ва шарҳи он аз қабили авторефератҳо, мақолаҳо, рисолаҳои илмӣ, ба хазинаи “Рассомони Тоҷикистон” 49 мусаввара ва 37 расм доир ба ҳунарҳои дастӣ ворид карда шуд.

Дар Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 207 адад  нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангии аҳолӣ мавриди санҷиши соҳавӣ қарор дода шуда, 63 маҷмўаи дастхат ва 65 китоби чопи сангӣ  харидорӣ  карда шуд. Инчунин 30 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангӣ аз аҳолӣ барои харидорӣ ҷамъоварӣ карда шуд.

Аз ҷониби кормандони шуъбаи матбуоти даврӣ   дар  соли 2015  ба толори хониши шуъба  11156   хонанда қабул карда шуд, ки  дар муқоиса ба соли 2014-ум 4489 нафар зиёд мебошад; ба хонандагони ташрифоварда 42669  рўзномаву  11940  маҷалла пешниҳод карда шуд.  Ин рақам нисбат ба  соли муқоисавӣ 14738  нашрия зиёд мебошад. Тибқи талаботи хонандагон ба Шуъбаи  абанементи байни китобхонаҳо 1541  номгўи маҷаллаҳо пешниҳод карда шуд.

Аз тарафи шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ баргардон ва  ба нашр омода намудани  «Фарҳанги рўзи сухан» ва такмилу таҳрири  «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» идома дорад. Феҳристи электронии осори забоншиносии солҳои 2009-2015 дар ҳаҷми 380 номгўй мавод гирдоварӣ шуд.

Маркази «Тоҷикшиносӣ» ду ҷилди навбатии силсилаи «Тоҷнома»-китоби дуюми «Мероси хаттии бостон» (565 с. А-4) ва асари А. П. Шишов   «Тоҷикон (500с. А-4)-ро таҳия намуда барои табъу нашр пешниҳод намуданд. Ҳамзамон дар ин марҳилаи корӣ ду асари дигар-китоби   Д.Н. Логофед «Кишвари беҳуқуқон» (200 с. А-4)  ва китоби Луи Гонсалес де Клавиҳо «Рўзномаи сафар ба Самарқанд ба дарбори Темур» ( 90с. А-) тарҷума ва таҳрир карда шуданд. Барои ҷилдҳои дигари “Тоҷнома”-“Пажўҳиш дар саргузашти миллати тоҷик” дар ҳаҷми 400 саҳифа ва “Бохтар дар масири тамаддун” дар ҳаҷми 500 саҳифа мавод ҷамъоварӣ ва таҳия карда шуд.

Инчуни дастурҳои библиографии зерин таҳия ва ба чоп омода карда шуданд: «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  Феҳристи адабиёт» / Ба­­ пеш­во­зи 700-солагии зодрўзаш (70 с.); «Аскар Ҳаким, Ки­­тоб­но­ма» ( 80 с.);  «Урун Кўҳзод, Ки­тоб­­нома» (70 с.), «Монографияи библиографии қаҳрамонони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур»  ( 100 с); «Лоиқ Шералӣ, Китобнома» ( 120 с.);  «Ҳуринисо Ализода, Китобнома» (150 с.); «Арбобони фарҳанги тоҷик» (850 с.);  «Соҳибунвонҳо» (180с.);   «Донишномаи КМТ» (350с.); « Мавлуднома» (200с.);   «Сафармуҳаммад Аюбӣ-адиби боистеъдоди тоҷик» (бахшида ба 70 солагиаш); «Пўлод Толис-нависандаи мумтоз» ( бахшида ба 85 солагиаш).

Дар Китобхонаи миллӣ  дар давоми  соли  2015-ум 95  чорабинӣ баргузор гардид, ки нисбат ба соли 2014-ум 13-то зиёд аст. 

Фаъолияти Китобхонаи миллӣ  дар соли  2015 нишон медиҳад, ки   новобаста аз баъзе мушкилоти мавҷуда, кормандони Китобхона тавонистанд фазои солими кориро дар Китобхона таъмин намоянд. Барои  боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти кории Китобхона дар оянда ба сомон расонидани чунин иқдомҳо мусоидат менамояд:

        -интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар шуъбаву марказҳо бо дар назар гирифтани қобилияти кордонӣ тибқи тахассусе, ки шуъба ва ё марказ фаъолият менамояд;

         - аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос дар хориҷи кишвар бо назардошти дониши тахассусӣ, донистани забонҳои хориҷӣ  ва фаъолияте, ки шуъбаи мазкур бо он эҳтиёҷ дорад;

           - ташкили гурўҳи корӣ бо мақсади ҷамъоварии китобҳо аз муассисаҳои интишоротӣ ба сифати “нусхаҳои ҳатмӣ” тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

         - барои татбиқи саривақтии барномаи “Алеф”аз ҳисоби воҳидҳои кории бахшу шуъбаҳои марбута ташкил намудани шуъба ва ё маркази алоҳида ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба фаъолияти мунтазами он;

          - ҳамоҳангсозии корҳои  илмӣ-таҳқиқоти ва илмӣ-методӣ бо дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ;

       - беҳтар намудани робитаҳо дар доираи мубодилаи байналмилалии китоб, дастрасии электронии иттилоот ва ҳуҷҷатҳо;

       - ширкати фаъолонаи кормандони Китобхонаи миллӣ дар конференсҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва лоиҳаҳои байналмилалии соҳавӣ ва мубодилаи байналмилалии мутахассисони соҳаи китобдорӣ;

       - ба роҳ мондани коркарди кимиёвию биологии китобҳо дар махзанҳои Китобхона.

 Маълумоти муфассалтарро дар бахши шуъбаҳои Китобхона пайдо кунед.