Тақдими китоби 15 китоби бо забонҳои русӣ, қазоқӣ ва муғулӣ чопшудаи Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»
Нашр шуд 2021-03-16 14:55
Бо ибтикори Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода Китобхонаи миллӣ соҳиби 15 китоби дигари Пешвои миллат шуд, ки миёни солҳои 2020-2021 ба забонҳои русӣ, қазоқӣ ва муғулӣ дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нур-Султон чоп шудаанд.
Дирўз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода 15 адад китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», ки ахиран русӣ, қазоқӣ ва муғулӣ дар Қазоқистон чоп шудааст, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тўҳфа намуд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон иброз дошт, ки ин ибтикор барои ошноии бештари ҷомеаи Қазоқистон бо таърихи миллат ва фаъолиятҳои эҷодиву пажӯҳишии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд.
Гуфтанист, ки то кунун 4 китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» рӯи чоп омадааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқаддимаи он сабаби таълифи ин китоби арзишмандро чунин арзёбӣ кардаанд: “Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?
Суолҳои болоӣ ва садҳо суоли дигар, ки дар даврони худшиносӣ, истиқлолияти миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар пешоруйи мо қарор мегирад, ҳар фарди ҷўяндаву бедордилро ба гузаштаҳои дури таърихи калқи тоҷик ҳидоят менамоянд”.
Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» то кунун бо чанд забон тарҷума ва нашр шудаанд.
Раҳима Аъзам
ВА БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ:
Муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин