Китобе, ки аз шумо даъват мекунем бихонед: «Бытие – симфония диссонанса»
Аз имрӯз дар сомонаи мо имкон доред бо китоби нави яке аз олимони пуркори кишвар Искандар Абдуллоев «Бытие – симфония диссонанса» ошно шавед.
Мухтасар дар бораи муаллиф
Искандар Абдуллоев зодаи шаҳри Душанбе буда, 26-уми марти соли 1949 таваллуд шудааст. Соли 1973 факултаи торихи Донишгоҳи давлатии Русия ба номи Ломаносовро хатм кардааст. Дар мавзуъи “Хислати торихии омилҳои субъективии инқилоби иҷтимоӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буд, дар кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва баъдан мудири маркази таҳқиқоти стратегии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
Муддате хабарнигори бахши русии радиои “Озодӣ” буда, баъдан як созмони ғайридавлатии таҳқиқотиро бо номи “Симурғ” таъсис кард ва роҳбарӣ намуд.
Аз моҳи июли соли 1996 ёвари Президенти Тоҷикистон буд, аз соли 1998 бошад дар вазифаи Директори Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон кор кард.
Аз декабри соли 2001 то январи соли 2007 корманди аршади Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ Тоҷикистон буд.
Соли 2003 рисолаи доктории худро ҳимоя кард. Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Ҷамъияти байналмилалии Гегел аст.
Соли 2010 дар асоси як пурсиши коршиносии 114 сиёсатмадор, олимон ва таҳлилгарон Олими сол эълон шуда буд.
Муаллифи рисолаҳо ва мақолаҳои зиёди илмиву оммавист, бунёдгузори системаи “Материализми нав” аст.
Искандар Асадуллоев ба навиштани асарҳои бадеӣ низ даст задаву муваффақ шудааст. Вай муаллифи пйесаи ҳаҷвии “Муҳаббати ман, демократия”, ҳикояи “Ҳамосаи Самарқанд”, ҳаҷвияи “Саргузашти ғайриоддии Мюнҳаузени ҷавон дар Кайҳон”, маҷмуъаи шеърҳо ва ҳикояҳо мебошад.
Китобҳояш бо забони русӣ бо номҳои «Новая парадигма. Онтология» (2011), «20 новых категорий и принципов философии» (2010), «Красота, любовь и вечное движение. 16 новых категорий: читая Аристотеля, Авиценну, Гегеля» (2008), «Новые категории философии и философия политики» (2006) ва «Бытие – симфония диссонанса» чоп шудаанд.
Китоби охирини ӯ моҳи апрели соли 2015 ба фурӯши ҷаҳонӣ баромадааст.
Ва дар бораи ӯ метавон зиёд ҳарф зад. Аммо бо ҳамин иктифо мекунем ва шуморо даъват мекунем яке аз асарҳои ӯ бо номи «Бытие – симфония диссонанса»...ро аз ин ҷо мутолиа кунед ва бо заҳматҳои ин олими пуркор аз наздик ошно шавед.