“Нақши сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон"

Китобест, ки соли 2012 нашр шудааст ва аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият нақл мекунад. Муаллифон Зафар Сайидзода ва Абдуқаҳҳор Холов кўшидаанд сиёсати созанда, мутавозин ва дурбинонаи Президент Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар рушду тавсеаи тамоми
соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таҷассум гаштааст, дар мисолҳои равшан нишон диҳанд.
Ба андешаи муаллиф “Таҳлилу баррасии он ҳама рўйдодҳо, ки аз оғози соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон то ба имрўз рух намудаанд, ҳамвора дар мадди назари рўзноманигорон ва таҳлилгарони сиёсӣ қарор доранд, ки мутаассифона, бархе аз ин таҳлилҳо бо ҳақиқат наздикие надоранд”. Ва ӯ мегӯяд “дар саҳифаҳои ин китоб ҳеҷ моил нестем, ки бо чунин муаллифон ба мунозира пардозем, вале нодуруст хоҳад буд, агар бар пояи воқеияти таърихӣ таъкид нашавад, ки яке аз самтҳое, ки ба амнияти ҷомеа халал ворид меоварад, ҳамин ифтироту буҳтон аст ва он таҳлилгарони ғаразманд аз ифротгароён хатари камтаре надоранд. Барои ин ҳам, мо дар саҳифаҳои ин китоб аз дастовардҳои Тоҷикистон, ки имрўз хеле пешрафт кардааст, нақши бузурги пешвои миллат, инсони дорои ақли табии истисноӣ ва наҷобат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сахттарин замон дар раъси ҷумҳурӣ истода ва онро ба суботу назму қонун овардааст ва ҳамаи ин пешрафтҳо аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти шабонарўзӣ ва хастанопазири ўст, мехоҳем сухан гўем”.
Китобро комил аз ин ҷо бихонед.

Барчаспҳо: