Муаррифии китоб: Эмомалӣ Раҳмон. “Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор”

Дар  таърихи  башар  динҳои зиёде  ба вуҷуд омада, баъзе  мондагор  шудаанд  ва  баъзеи  дигар аз  байн  рафтаанд. Дини  ислом  дар  таърихи тамаддуни  башар ҷойгоҳи  хос  ва  хеле  баланду барҷаста дорад. Ҳанўз аз  таърихи пайдоиши он як аср  сипарӣ нашуда буд, ки дар олами ислом эҳёи  бесобиқаи илмӣ на танҳо дар шаҳрҳои марказии  хилофат, балки  дар музофотҳои  дурдасти  он ба вуқуъ пайваст. Бе ҳеҷ муҳобот гуфтан  мумкин аст, ки эҳёи  фарҳангӣ (чи юнонӣ чи ғайри он) қабл аз Аврупо дар олами ислом ба вуқўъ пайваст. Ин мусулмонон будаанд, ки осори илмию фалсафии юнониро ба забони арабӣ  тарҷума намуда, барои наслҳои баъдӣ  ва барои худи  аврупоиён ҳифз намудаанд.

Дар  хилофат, яъне баъд аз паҳн гардидани дини ислом илмҳои нав пайдо шуданд  ва  ривоҷ ёфтанд, симоҳои барҷастаи илмию фарҳангӣ чун дар тамаддуни  бостонии  юнониву румӣ ба майдон  омаданд.

Рушди  бесобиқаи  илму фарҳанг дар олами  ислом  натиҷаи он буд, ки  дар ин  давра имконияти  омўзиши илму маърифат ва таълиму  тарбия ба хоссу ом, арабу  аҷам, хоҷаву  мавло, занону мард дастраст гардид. Интишори  ислом ва  талаботи  Хилофати ҷавон боиси он шуданд, ки мардум дар кулли  қаламрави  ба танзим  ва  коркарди усулҳои  илмҳои  гуногун: чи  ҷамъиятшиносӣ  ва  чи  илмҳои  дақиқу  табиатшиносӣ  пардозанд.

Аҳди  Абўҳанифа  Нўъмон  б. Собит (р) маҳз дар  чунин давра  зиндагӣ  мекард,даврае ,ки  тоза  дуввумин  насл  аз  насли даврони  Паёмбари  ислом  (с) тобеин  мезистанд ва  ҳатто ҳанўз  бархе  аз саҳобаҳои  Паёмбар  (с) дар он рўзгор дар қайди ҳаёт буданд.

Абуҳанифа  Нуъмон  б. Собит  (р) яке аз барҷастарин  чеҳраҳои  шинохта дар соҳаи илмҳои  исломӣ: асосгузору  мураттиби  фиқҳи  исломӣ, яке  аз  аввалин  мутакаллимон  ба ҳисоб  меравад. Маҳз Абўҳанифа  (р) буд, ки  ба коргарди  усули  фиқҳи  исломиро  дар асоси  Қуръон, суннати набавӣ ва иҷмову қиёс  ба роҳ  монда, бори  аввал  низоми  мавзуни фиқҳи  исломиро  барои  мусулмон  мурааттаб сохт. Ин  хизмати  шоёни Абуҳанифа  (р) аз ҷониби  ҳамзамононаш  боиси  қадршиносӣ  гардид ва беҳуда  нест, ки  дар байни  имомҳои  зиёди  вақт  фақат  як нафар, он ҳам  Абуҳанифа (р), бо лақаби «Имоми  Аъзам»,яъне  «бузургтарин  Имом» гиромӣ дошта  шудааст.

Аз  ин ҷост, ки  ҳам  аз  тарафи  мардуми   мусулмон  ва  доираҳои  илмии исломӣ, ҳам аз ҷониби доираҳои  илмии ғайримусулмонӣ таваҷҷўҳи  хосе   ба  рўзгору  осори Абуҳанифа, шахсияти  мазҳабии ў зоҳир  шудааст.Чунин  таваччўҳ  ҳанўз аз замони  худи Имоми  Аъзам  дар  осори шогирдон  ва  ҳамасронаш  оғоз  гардида, то  идома  дорад  ва  бо  мурури  замон  кам  нашудааст.

Аз рўи  ҳисоби  аллома  Шиблӣ  27 нафар  аз  уламои ислом  дар маноқиби (тавсифи  корҳо  ва  сифатҳои  писандидаи)  Абўҳанифа  китобҳои  калонҳаҷм  навиштаанд, ки  ин  худ  далели  бузургиву  қадри манзалати  азими  ин  нобиғаи  нотакрор  дар байни мусалмонон  мебошад. Зеро  дар таърихи  ислом  камтар  касеро  аз  пайравони  ин  ё он мазҳаб  ва  илмҳои  исломӣ  метавон  пайдо  кард,ки  ин миқдор  китоб  доир ба тавсифи  шахсият  ва  аҳволу  осори  (маноқиби) ў таълиф  шуда бошад.

Ҳаёту  эҷодиёти  ин  марди  наҷиб, нахуст  аз  тарафи  ҳамзамононаш  мавриди  омўзишу  пажўҳиш  қарор  гирифтааст. Онҳо  ҳамчун  шоҳидони   бевосита  аз  ҷумлаи  шиносҳо  ва  шогирдон,  дўстон ва  душманонаш  дар  мавриди   зиндагӣ  ва касбу  кор  ва  илму  маърифати  ў  пажўҳишҳои   зиёде  анҷом  додаанд. Яке  аз  шарҳиҳолнависони  аввалини  Абўҳанифа  (Р) ин Абўлаббос Ахмад б.Салт ( ваф.соли 308/920) будааст, ки мутаассифона, асари  ў то замони  мо  нарасидааст (оид ба ин  мард нигаред ба охири муқаддима).

Маълумоти  дасти аввалро  оид  ба  рўзгору  осори  Абўҳанифа  (р) аз  «ал – Фиҳрист»-и Ибни  Надим  метавон пайдо кард. Ибни  Надим асари  мазкури  худро  дар  соли  377/987-88 анҷом  додааст. Маълумоти  Ибни  Надим  дар   бораи  Абўҳанифа   (р) қариб  ҳамаи  ахбори  асосӣ  оид  ба Абўҳанифа  (р)  ва шогирдони  ўро  дар  бар  гирифтааст. Ин  маълумоти  Ибни  Надим  дар бораи  Абўҳанифа  (р) дар асарҳое, ки  баъди  ў  навишта  шудаанд, такрор  шудаанд. Ибни   надим  дар бораи  писару  набераҳои  Абуҳанифа  (р)  низ маълумоти  додааст.

Муаллифи  дигаре, ки  китоби  калонеро  ба  баёни  ҳаёту   фаъолияти  Абўҳанифа  (р) ва асҳоби  ў қозӣ Абўабдуллоҳ  Ҳусайн  б.Алӣ  б.Муҳаммад  ас- Саймарӣ, яке  аз  пешвоёни  мазҳаби   ҳанафия, мебошад. Асари   ў  «Ахбору  Абиҳанифа  (р) ва  асҳобиҳи» ном дошта, дар  он  муносибатҳои  Абўҳанифа (р)  ба  муҳандисон, устодон, шогирдон, дўстону  душманон  ва  инчунин  бо ҳукмрони  замонаш  ба таври  васеъ  ва  ҳаматарафа  баён  гардидаанд. Вафоти  қозӣ  аз – Саймарӣ  ба соли  436/1044-45  рост  меояд.

Яке аз муҳимтарин  сарчашмаҳои тарҷумаҳолие,  ки  дар он ҷо зиндагию  фаъолияти Абўҳанифа  (р) ҳаматарафа  баррасӣ  шудааст, китоби  Хатиби Бағдодӣ  «Таърихи  Бағдод»  мебошад. Ҳарчанд  номи  китоб  «Таърихи  Бағдод», лекин дар он Хатиб на ин ки таърихи  шаҳри  Бағдод, балки таърихнома  ва тасвири  зиндагии  мардони  бузурги  ин шаҳрро  додааст. Ин асар  иборат аз 14  ҷилд буда, дар он тарҷумаи  ҳоли  7831 сокини  маъруфи  шаҳри Бағдод  оварда  шудааст. Аз ҷумла,  дар он тарҷумаи  ҳоли  Абўҳанифа дар  ҷилди  13, зери  рақами  7297 сабт гардидааст, ки он  131 саҳифаро дар бар гирифтааст. Мутаассифона,  агарчи  Хатиб дар  саҳифаҳои 323- 369 – и  китоб  тарҷумаи  ҳоли  Абўҳанифа  ва  маноқиби  (сифатҳои  хуби) ўро баён  намуда бошад  ҳам, дар  айни  замон  дар  саҳифаҳои  370 – 454 –и он бештар  суханони  ғаразноку  аз  воқеият  дур  ҳаққи   Абўҳанифа (р) гўё як навъ  узрхоҳона  мегўяд: «Абўҳанифа  (р), бо вуҷуди  ҷалолати  қадраш, аз ҷумлаи  он уламоест, ки  мо  дар  ин  китоб  тарҷумаи  ҳоли  онҳоро  ҳамроҳ бо он  чӣ  дар ҳаққи  онҳо  дигарон гуфтаанд, овардем…» Хатиб,  шояд, барои  риояи  воқеиятнигорӣ  ин  корро  карда  бошад, яъне  ҳам  назари  мувофиқон  ва  ҳам  назари  душманону  мухолифони Абўҳанифаро  хостааст   ҳаққиқатнигорона  баён  намояд. Вафоти  Хатиби  Бағдодӣ  дар соли 463/1070-71 иттифоқ афтодааст.

Муҳаққиқи  дигаре, ки  дар ҳамин соли 463/1070-71 олами  фониро  тарк  кардааст, Ҷамоллидин  Юсуф  ибни  Абдуллоҳ  ибни  Абдулбарр  ал – Қуртубӣ  мебошад. Ў ки бештар бо номи Ибни  Абдуллбарр  машҳур  буд, китобе  бо номи  «Ал –Интиқофи  фазоили – л- салоса ал –аиматти –фуқаҳо»  дорад. Дар ин  китоб  ақоиди  фиқҳии  сардорони  се мазҳаби  аҳли  суннат – имом Молик,  имом Абўҳанифа, имом Шофеӣ  ва фаъолияти  онҳо  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтаанд.

Аз ҷумлаи  осори  дасти дуввум, асари  тарҷумаиҳолии  қозӣ  Ибни  Халликон  ( 608- 681/1211-2 – 1282-3)- «Вафиёту- л –аъён»-ро метавон ном бурд. Дар ҷилди 5-уми ин китоб, дар ҳаҷми 10 саҳифа тарҷумаи  ҳоли  пурраи  Абўҳанифа, аз рўи асарҳои  ёдшудаи  Хатиби  Бағдодӣ, Ибни  Надим  ва  сарчашмаҳои  дигар  баён  гардидааст. Ибни  Халликон  худ  шофеимазҳаб  буд, вале  дар  ҳаққи  Абўҳанифа  ва мазҳаби ў  фақат суханони  нек гуфта,  ҳатто Хатибро  барои   он ки дар  китобаш  дар  ҳаққи  Абўҳанифа  ривоятҳои  таҳқиромез  оварда   буд,  мавриди  накуҳиш  қарор  додааст. Ибни Халликон  на фақат  дар ҷилди панҷум, балки  дар  ҷилдҳои дигари  асари  калонҳаҷми   худ  низ  дар бораи Абўҳанифа,  устодон  ва  шогирдони  ў  маълумотҳои  муҳим  овардааст. « Вафиёт –ул –аъён», дар  маҷмўъ  аз 8 ҷилди  калон иборат аст, тарҷумаи ҳоли  мухтасари  397 олим, шоир, халифаю  табиб  ва  шахсиятҳои  дигари  маъруфи  хилофати  исломиро  дар  бар  гирифтааст.

Мо дар асари  Абдулкарими Шаҳристонӣ  ( ваф.с.548/1153) низ доир ба  Абўҳанифа  баъзе  маълумоти  тарҷумаиҳолӣ   ва  инчунин  таҳлилиро  оид  ба  ақоиди  ў дучор  меоем .

Имом  Абдуллоҳ   Шамсиддин Муҳаммад  б. Ахмад б. Усмон  Заҳабӣ  (ваф.с748/1347) дар ду асари  худ  оид ба  Абўҳанифа  маълумоти  тарҷумаиҳолӣ  овардааст. Дар  асари    калонҳаҷму   муфиди   худ  «Тазкирату- л- ҳуффоз»  Заҳабӣ  тарҷумаи  ҳоли  1176 ҳофизи  ҳадисро зикр намудааст. Ў  дар ҳаҷми  якуним саҳифа оид  ба  ҳаёти  Абўҳанифа, шогирдону  устодон  ва   мартабаи   ў  сухан  ронда, мегўяд,ки  « …ман доир  ба  маноқиби  Абўҳанифа   ҷузъе [дар китоби дигарам] бахшидаам».Дар  ҳақиқат он  ҷузъро  мо  дар  китоби  дигари  Заҳабӣ  «Сияр  аълома –н – нубало» пайдо  мекунем, ки  дар он ў саҳифаҳои  зиёдеро  ба тасвири  ҳаёту  фаъолияти  Абўҳанифа  бахшидааст.

Маълумотҳои  муҳиме  оиди  ҳаёту  фаъолият  ва  замони  зиндагии Абўҳанифа  дар ду асари  муаррихи  мисрӣ  Ҷалолиддин  Абдурраҳмон  ибни Абубакри  Суютӣ  ( ваф .с911/1505-6): « Таъриху – л – хулафо»  ва  « Табйизу  - с –саҳифа» ҷой  доранд:

Ҳоҷӣ  Халифа  дар  китоби  ниҳоят  арзишманманди  худ  «Кашфу-з –зунун» дар  бораи осору  аҳволи Абўҳанифа  ва  шогирдону  мазҳабаш  маълумоти  зиёде  овардааст. Ў  дар  ин  китоб  фасли  махсусе  ба тасвири  асарҳое, ки оид ба  маноқиби  Абўҳанифа  таълиф  гардидаанд, бахшидааст. Дар  ибтидои  ин  бахш  Ҳоҷӣ  Халифа навиштааст: «Маноқибонависон  гуфтаанд : «Ҳар касе, ки  ба кадом  имоме  пайравӣ  менамояд,  бояд  аҳволу  зиндагии  ўро  бидонад».Ва  ин роҳи  донистани  маноқиб, шамоил, фазоилу  сирати  имом  ва  гуфтаҳои  ў  муяссар  мегардад.  Сипас, ў бояд  ному  куния,  насаб,  замони  зиндагӣ, кишвари  аслӣ  ва  шогирдони  имомашро  бидонад. Аз ҳамин  ҷиҳат  аст, ки  пайравони  ҳар   мазҳаб  китобҳое  дар  маноқиби  имоми  худ  навиштаанд».

Ҳоҷӣ  Халифа  тақрибан  дар  бораи  қариб 50  китоби ба  маноқиби   Абўҳанифа  бахшида  шуда  ва  муаллифони  онҳо  хабар додааст, ки аз он асарҳо  қисме  ба табъ  расида, қисме ба табъ нарасида  ва  қисме  ҳам  то  замони  мо омада нарасидаанд. Ҳоҷӣ  Халифа  аз  фурсати дастдода истифода бурда, Хатиби  Бағдодиро барои  дар китобаш дар ҳаққи Абўҳанифа (р) ҳикоятҳои таҳқиромез  оварданаш таънае  задааст. Чунончи: «Абўлаббос Аҳмад  б. Ҳумонӣ (вафоташ соли 308/920) китобе  [дар  маноқиби  Абўҳанифа ] навишт, ки   дар он  [таълифро ] аз ҳад гузаронида буд ва Хатиб дар  «Таърихи Бағдод»- и худ чӣ тавре  дар  нисбати  ҳанафиҳо  одати  ў буд, ўро ( Ахмадро) дар ҳадис  заиф  ҳукм кард».

Ғайр аз  китобҳои  ёдшуда  муаллифи  «Хайроту – л –ҳисон» Ибни  Ҳаҷар  Ҳайсамӣ,  Мулло  Алӣ  Қорӣ   дар  «Шарҳи «Муснад» -и Абўҳанифа» Муваффақ  ибн  Ахмад  ал – Маккӣ  дар « Маноқиби  Абўҳанифа», Муваффақ  ибн Аҳмад ал- Маккӣ дар  «Маноқиби  Абўҳанифа”  ва  Муҳаммад   ибни  Муҳаммад Курдарӣ  маъруф  ба  Ибни  Баззозӣ  ( ваф.с.827/1423-4) дар  «Маноқиби  Имоми Аъзам» дар  хуссуси  аҳволу осор  ва  мазҳаби  Имоми  Аъзам маълумотҳои  ҷолиб  овардаанд.

Дар  хусуси  шароити   иҷтимоию   сиёсии  замони зиндагии Абўҳанифа  (р) ва  баъзе   лаҳзаҳои  ҳаёти  Абуҳанифа  (р)  дар осори таърихии  се   муаррихи  воқеан  ҳам  бузурги  араб ал- Балозурӣ, ат – Табарӣ  ва  Ибни  Асир  маълумотҳои  муҳим мавҷуд аст.

Дар  давраи  нави  таърихӣ  низ аҳволу  осори  Имоми  аъзам Абўҳанифа  (р) аз мадди  назари  муҳаққиқон  ва  мўътақидони   мазҳаби  ў дур  намондааст. Онҳо  дар  бораи  ҳаёту  осор  ва  мазҳаби  Абўҳанифа  (р) китобҳои  ҷолиби  диққат  навиштаанд. Чунончи  Муҳаммади  Абўзаҳра  дар  Миср  бахшида  ба  аҳволу осору таълимоти  пешвоёни  чаҳор  мазҳаби  аҳли  суннату  ҷамоат: Имом Абуҳанифа (р) , Имом Ҳанбал (р),    Имом Молик (р) ва  имом Шофеӣ (р)  китобҳои алоҳидае навиштааст. На  фақат  дар Миср, балки  кишварҳои  дигари   арабӣ  низ ҳаёту таълимоти Абўҳанифа мавриди  омўзишу  таҳқиқ  қарор  гирифтааст. Чунончи  дар Риёз, китоби ал- Хаммис  зери  унвони  «Усули  дин  назди  Имом Абўҳанифа» ва  асари  Умарӣ «Ал-Хилоф байна  Абўҳанифа  ва  асҳобиҳи» аз чоп  баромадаанд. Ҳамчунин  дар Димишқу  Бейрут асари Сағирҷи  «Фикҳи  Ханафӣ» ва асари ал – Маййис  «Ал-Имом  Абўҳанифа ва илму –л-ҳадис» ва асари  Мустафо аш-Шак ,а «Ал-Аъзам  Абўҳанифа  ан – Нўъмон» аз чоп  баромадаанд».

Дар байни  таҳқиқотҳо  оид ба  Абўҳанифа  таълимоти  ў асари  Ваҳбӣ  Сулаймони Говиҷӣ « Абўҳанифаи  Нуъмон» дар силсилаи  «Аълому –л – муслимин» рақами 5 ҷои махсусро ишғол карда  меояд.Дар  ин китоб на факат  аҳволу осор, балки устодони Абўҳанифа ба аҳли ҳадис ва  уламои замонааш  хаматарафа  мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Беҳуда  нест, ки китоби  мазкур  дар соли  1987  бори  чорум  ба табъ расид ва  фишурдаи  он низ ба  забони русӣ  аз тарафи В.Нирша  тарҷума ва чоп гардид.

Ногуфта  намонад, ки  дар Эрон  « Доиратулмаориф»-и  (Энсиклопедияи) бузурги  исломӣ  ба баёни  аҳволу осори Абўҳанифа мақолаи бисёр калони муфид  оварда шуда, дар он ба ғайр  аз тарҷумаи ҳоли ў афкори  Абўҳанифа  дар асоси  сарчашмаҳои  зиёди  дараҷаи аввал ва пажўҳишҳои  зиёд мавриди таҳқиқи  амиқ   қарор дода  шудаанд. Муаллифи  мақолаи  мазкур  Аҳмади  Покетчӣ  мебошад.

Дар  бораи  Абўҳанифа  (р) ва аҳволу  осори  ў  ба  забонҳои  аврупоӣ ва русӣ низ  корҳои  зиёде  анҷом  дода  шудаанд. Аз ҷумла, дар  Руссия ба  забони  русӣ  ба наздикӣ  китоби  Рустам Батир  «Абуҳанифа: жизнь и  наследие» зимни силсилаи «Ханафитское  наследие» аз чоп  баромад. Китоб  тарҷумаи чанд рисолаи  мансуб ба Абўҳанифаро  (р) низ  дарбар  гирифтааст.

Ҳамин  тавр, мо  як сайри  мухтасари  таърихи  омўзиши аҳволу  осори  илмии дар боло зикр шуда таҳқиқи аҳволу  осор  ва  афкори  Абўҳанифа (р) дар сатҳҳои  гуногун  қарор  дошта, сатҳи  илмии онҳо аз диди илми  муосир  аз  ҳамдигар  тафовути зиёде  доранд. Дар  баъзе  аз ин  асарҳо осору  афкори  Абўҳанифа  зери  тасвири  руҳияи мазҳабии замонааш, тасаввури  омиёнаи  давр  масоили иҷроиомез  бо шеваю  қиссаю  ривоятҳои  пешин баён  шудаанд. Ҳар  аср  меъёри  муайни  шинохту  қабули  ҳақиқати худро  дорад, аз ҷумла  меъёри   илмии  асри муосир  дар  баёни  ҳақоиқи  таърихӣ  доштани  нигоҳи  воқеъбинонаи  интиқодӣ  ва усули  муқоисавию  таърихӣ  мебошад, ки  дар ин  таҳқиқот  ҳаддӣ  аксар  кўшиш  шудааст, то  ин  меъёрҳо  риоя  шаванд.

Ногуфта намонад, ки  худи  даст задан  ба ин кор  сабаби  аввалаш  он буд, ки  як маноқиби  ҷавобгў  ба  меъёри  илм  ва ниёзҳои имрўзаи мардумамонро  дошта бошем. Аз ин  рў, ба  муносибати соли  бузургдошти Абўҳанифа  (р) – соли  2009 тасмим гирифтем ин китобро  ба хотири  равшанӣ  андохтан ба паҳлўҳои  зиндагӣ  ва осори  имоми Аъзам  таълиф  намоем, то  хизмати хоксоронае  дар  ҷоддаи омўхтану муаррифи  ин  бузургмарди  таърихи миллату  динамон   анҷом  дода бошем.

Сониян, аз таҳриф,  муболиға  нисбати   осору  афкори  ин марди  бузург, ки дар  баъзе  асарҳо  рух додааст, канораҷўӣ   карда, симои  воқеии пешвои  мазҳабамонро баён кунем.

Ин буд Муқаддимаи китоби Эмомалӣ Раҳмон “Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор”, ки соли 2009 чоп шудааст.

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова.