Беш аз 60 ҳазор хонандагони наврас дар як сол зиёда аз 60 ҳазор китоб дархост ва мутолиа кардаанд
Нашр шуд 2019-12-30 12:09
Соли ҷорӣ толори хониши матбуоти даврӣ аз толорҳои пурхонандаи Китобхонаи миллӣ буд. Ҳудудан 13 ҳазор нафар хонандагон бо ҳузури худ 44 ҳазору 391 бастаи маҷаллаву рӯзномаҳоро дархост ва мутолиа кардаанд. Дар ин бора профессор Абдусалом Мирализода – Директори Китобхонаи миллӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Китобхона иттилоъ дод.
Сарвари Китобхонаи миллӣ ҳамчунин афзуд, ки кормнадони Шуъбаи библиографияи миллӣ бошанд, ба бештар аз 5 ҳазор хонандагон хизмат расондаву ба онҳо барои мутолиа 3 ҳазору 668 китоб пешниҳод кардаанд. Ин рақам назар ба як соли пеш 904 нусха зиёд будааст.
Як толори пурхонандаи дигар дар ихтиёри Шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир аст, ки соли ҷорӣ мизбонибештар аз дуввумним ҳазор хонандагон буда ва ба онҳо тибқи дархосташон китобҳои нодир ва нусхаҳои қаламиро пешниҳод намудааст.
Соли ҷорӣ аз тарафаи мутахассисони шуъбаи коркарди адабиёт ба муаллифони 665 нусха китобҳои барои нашр омодагардида рақамҳои “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” (ТДУ-УДК) ва “Таснифоти китобхонавӣ-библиографӣ” (ТКБ-ББК) дода шудааст. Нишондоди мазкур нисбат ба соли 2018 (279) 349 воҳид зиёд мебошад.
Абдусалом Мирализода дар ҷойи дигар аз суханронии худ иброз дошт: Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат роҷеъ ба тарбияи солиму маънавии насли наврас, дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ баркамол расонидани онҳо тадбирҳои натиҷабахш роҳандозӣ намудааст. Дари толори хониши Шуъбаи кўдакон ва наврасони муассиса ҳамарўза барои хонандагони синни 7-14-сола ҳамеша боз аст. Хазинаи шуъбаи мазкур дар баробари фарогирии адабиёти бачагонаи рангину тозанашри бадеӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, инчунин, бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо адабиёти дарсӣ таъмин гардида, ҳамзамон, дар толори шуъба дар 14 адад компютер ҷиҳати тақвияти ҳофизаву тарбияи зеҳнии кўдакон барномаҳои омўзишии зеҳнӣ ҷой дода шудаанд. Хонандагони хурдсоли Китобхона дар фазои мусоиду рангини кўдакона фориғ аз дарс ба мутолиаву тақвияти ҳофизаи худ машғул гардида, ба онҳо мутахассисони соҳибтаҷрибаву касбӣ хидмат мерасонанд. Шуъбаи кўдакон ва наврасон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кўдаконаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кўдакону наврасон “Баҳористон” сабти барномаҳои телевизионии “Беҳтар аз дўст” ва Маҳфили “Адибони наврас”-ро ба роҳ мондааст, ки тадбири мазкур кўдакону наврасонро бештар ба китобу Китобхона ҷалб намудааст. Дар давоми сол 64 046 нафар хонанда ба шуъбаи кўдакон ва наврасон ташриф оварда, 60 843 нусха китоб истифода кардаанд. Дар ин давра 2 653 нафар ҳамчун аъзои тозаи шуъба ба қайд гирифта шудаанд.