Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ
Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ моҳи апрели соли 2012 таъсис ёфта, бо воситаҳои муосири технологияи иттилоотии раванди китобдорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шуъба ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷў ва дастрасии муштариён ба маҷмўи иттилооти китобдорӣ машғул буда, барномаҳои иттилоотии амалкунандаро таъмин менамояд ва истифодабарандагонро бо шабакаи ИНТЕРНЕТ мепайвандад.
Самтҳои асосии фаоълияти шуъба аз таъмини ғунҷоиши оқилонаи нигоҳдорӣ ва идораи маркази ҳисоббарорӣ ва маҳалли иттилоот, ташкилу такмили дониши компютерии кормандони Китобхона ва ҷалби онҳо ба истифодаи барномаи «ALIPH» ва дигар системаҳои иттилоотии амалкунанда, густариши ҳамкорӣ бо Китобхона ва дигар муассисаҳои илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияи ҷадиди иттилоотӣ иборат мебошанд.
Шуъба дар муддати фаъолияти Китобхонаи миллӣ корҳои зеринро ба анҷом расонид ва аз ҷиҳати фаннӣ ҳолати кории мунтазами онро назорат ва таъмин менамояд:
- бартараф намудани норасоиҳо дар кор ва васли нави «ALIPH» бо системаи амалиёт;
- мукаммал гардонидани сомонаи КМТ бо маводҳои тоза;
- такмил, нигоҳдорӣ ва идораи маҳалли иттилоот;
- ташкили бойгонии маркази маълумоти КМТ;
- таъмини почтаи электронии амалкунанда;
- расондани ёрии амалию методӣ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаи татбиқ ва истифодаи CAИK (системаи автоматикунонии иттилоотии китобдорӣ) «ALIPH»;
- иштирок дар бунёди маҷмўи бонкҳои иттилоотии кишвар;
- ташкили хизматрасониҳои гуногун барои муштариёни КМТ ва ғайра.
Мутахассисони шуъбаи автоматикунонӣ, ки дорои тахассусҳои олии касбӣ мебошанд, тибқи талаботи истифодабарии таҷҳизоти фаннии Китобхона ба 4 гурўҳ ҷудо карда шудаанд:
- гурўҳи информатсионӣ - технологӣ,
- гурўҳи барномасозон,
- гурўҳи рақамигардонию нусхабардорӣ (сканер),
- гурўҳи хизматрасонӣ ба толори хониши электронӣ.
Вазифаи гурўҳи информатсионӣ - технологӣ сари вақт хизмат расонидан ба компютерҳои кормандон, назорати серверҳо, камераҳои мушоҳидавӣ, шабакаи дохилии Китобхона (firewall, router, switcher) ва хизматрасонии толорҳои ҷаласавии Китобхона мебошад.
Гурўҳи барномасозон вазифаи таҳия ва фаъол гардонидани барномаҳои соҳаи китобдориро ба уҳда дорад.
Вазифаи гурўҳи рақамигардонию нусхабардорӣ китобҳо ва ҳуҷҷатҳои чопии анъанавиро ба шакли электронӣ даровардан ва ба қолабҳои амалкунандаи базаи Китобхонаи электронӣ ҷой намудан мебошад.
Гурўҳи хизматрасонӣ ба толори хониши электронӣ хизматрасонии барномавию техникӣ ба муштариён аст.
Мудири шуъба: Саидов Зафар
Тел: +992372210620
Email: info@kmt.tj
Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015
Нуҳ моҳи Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ