Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Дар шаш моҳи ахир кормандони шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ  110 нусха китобро дар ҳаҷми 81080 саҳифа нусхабардорӣ  ва ба қолаби pdf  баргардонида, ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир кардаанд. Инчунин маводҳои электронӣ -58 адад диск бо забони тоҷикӣ ва 90 адад диск бо забони русӣ, ҷамъ ба миқдорӣ 1900  китоб феҳристбандӣ  шуда, нусхаҳои электрониашон ба сервери  ftp ҷойгир карда шудаст. Шакли нави рамзи китобҳо дар ду нусха барои ворид намудани маводҳо ба барномаи Алеф муқаррар гардид ва ба миқдори 66976 адад ба чоп расонида, ба истифода дода шуд.
Шартнома байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Русия барои истифодабарии феҳристи электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русия (http://diss.rsl.ru/) барои соли 2015 ба расмият даромад.
 Иҷозатномаи истифодабарии модулҳои барномаи Aleph аз нав то соли 2018 тамдид шуд. Тибқи дархости сардори Маркази иттилооти ҳуқуқӣ ва супориши бевоситаи роҳбарият домени lawinfo.kmt.tj ба руйхат гирифта шуд. Корҳои саҳифасозӣ ва скриптнависӣ барои ташкили саҳифаи асосии китобхонаи электронӣ дар асосӣ базаи маълумотии SQL сервер ва забони барномасозии ASP.NET қисман ба анҷом расиданд. Аз рўи нақшаи кории бунёди китобхонаи электронӣ системаи амалиётии Linux/Ubuntu 12.04 барои ташкили сервери санҷишӣ  насб карда шуд.Дар сервери санҷишии барномаи китобхонаи электронӣ Веб сервери Apache насб карда шуд. Системаи идоракунии базаи маълумотҳои SQL сервер барои бунёди базаи маълумотҳои санҷишии китобхонаи электронӣ насб карда шуд. Протоколи FTP барои дастёбии барномасоз ба сервери барномаи китобхонаи электронӣ таъсис дода  шуд.
Аз рўи нақшаи кории бунёди китобхонаи электронӣ системаи амалиётии Linux/Ubuntu 12.04 барои ташкили сервери санҷишӣ  насб карда шуд. Дар сервери санҷишии барномаи китобхонаи электронӣ Веб сервери Apache низ насб гардид.  
Аз хизмати толори хониши электронӣ дар ин шаш моҳ бештар аз дигарон донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёна (15499 нафар ё 82 дарсад дарсад аз шумори умумии муроҷиъин) кормандони соҳаҳои мухталиф  (1885 нафар) ва унвонҷӯён (916 нафар)  истифода кардаанд.