90 соли кинои тоҷик: ФИЛМИ «ҲАСАНИ АРОБАКАШ»
Ҳасан шубҳае надошт, ки ў ба қуллаи мақсади зиндагӣ расидааст. Замона бошад, бо роҳи худ мерафт – замони нав – замонаи мураккаб на танҳо дигаргунсозии ҷамъият, балки тағири табиати инсонро талаб мекард. Ин замона аз сохтмон сар шуд: каналҳо месохтанд, роҳҳо, шаҳрҳо бунёд мекарданд. Техника пайдо шуд. Коргоҳи механикии нав, мошинҳои аввалин, мардумро моту ҳайрон карда, дар роҳҳо ба ҳаракат даромаданд. Ҳасан гумон дошт, роҳи зиндагиашро фақат худаш муайн карда метавонад ва лаҷоми тақдираш ҳам сахт дар дасташ аст. Лекин зиндагӣ Ҳасанро маҷбур мекунад бифаҳмад, ки одам танҳо ҳеҷ кор карда наметавонад, танҳоӣ касро ба ҷудоию номуродӣ мерасонад.
Соли 1965 ба экранҳои мамлакат филми «Ҳасани аробакаш» баромад. Он аз рӯйи достони ҳамноми шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода офарида шуда буд. (Сенарияи М.Турсунзода, И.Филимонова, коргардон Б.Кимёгаров, оператор А. Григорьев, бастакор Т.Кулиев). Филм дар бораи замони мушкили дар ҷумҳурӣ барпо шудани Ҳокимияти Советӣ нақл мекард ва муаллифон сарнавишти Ҳасан ном аробакашеро барои инъикоси ташаккули рӯ ба рӯзи ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон истифода кардаанд.
Дар он солҳои мушкил на ҳар кас яку якбора ба роҳи ҳаёти нав даромада тавонист. Ҳасани аробакаш ҳам дарҳол нафаҳмид, ки чи тавр зандагӣ кунад, дар ҳаёт аз паи чӣ шаваду чиро ҷўяд. Ҳасан аз хурдӣ коркўфта буд. Ҳеҷ кас ба мисли ў аспи зотиву аробаро тез ронда наметавонист, ҳеҷ кас ба аспаш ин хел нигоҳубин намекард. Дар кор чаққону чусту чолок набуд. Ба ҳар ҷое, ки равад, ўро садои аҳсану офарини мардум истиқболаш мекард.
Ҳасан шубҳае надошт, ки ў ба қуллаи мақсади зиндагӣ расидааст. Замона бошад, бо роҳи худ мерафт – замони нав – замонаи мураккаб на танҳо дигаргунсозии ҷамъият, балки тағири табиати инсонро талаб мекард. Ин замона аз сохтмон сар шуд: каналҳо месохтанд, роҳҳо, шаҳрҳо бунёд мекарданд. Техника пайдо шуд. Коргоҳи механикии нав, мошинҳои аввалин, мардумро моту ҳайрон карда, дар роҳҳо ба ҳаракат даромаданд. Ҳасан гумон дошт, роҳи зиндагиашро фақат худаш муайн карда метавонад ва лаҷоми тақдираш ҳам сахт дар дасташ аст. Лекин зиндагӣ Ҳасанро маҷбур мекунад бифаҳмад, ки одам танҳо ҳеҷ кор карда наметавонад, танҳоӣ касро ба ҷудоию номуродӣ мерасонад.
Ҳасан барои қалин пул ҷамъ карда бошад ҳам, ба васли маҳбубааш Садаф нарасид. Садафро ба каси дигар номзад карданд. Ҳасан, ки ҳанўз ҳам яккаву танҳо ҳаёт ба сар мебурд, бо унсурҳои ҳаёти кўҳна вохўрда монд. Аробакаш, ки барояш ба кӣ хизмат кардан фарқ надошт ва мақсадаш танҳо пулкоркунӣ буд, рўзе халтаҳои орди нонвои қаллобро ба аробааш бор карда, ба тарафи сарҳад бурд. Дар ҳамин рўзҳои дар роҳҳои дуру дароз гузаронидааш ў фаҳмид, ки ҳарчанд «танҳо худро донаму ба касе кор надорам» гўён худро аз ҳама ҷудо гирад ҳам, ба ҳар ҳол ба Ватан хиёнат карда наметавонад, ҳаргиз душмани дўстони худ оҳангар, Зайнаб, донишҷӯён ва аробакашҳои сароӣ шуда наметавонад. Ҳасан нонвойро аз аробааш ба замин партофта, ордро ба одамоне, ки дар қишлоқҳои босмачиён ғораткарда гуруснагӣ мекашиданд, тақсим карда дод. Босмачиён ба Ҳасан бераҳмона дарафтоданд. Ҳасан шифо ёфта, ятимонро ба аробааш савор карда, ба ятимхона мебарад. Дар муддати ин порчаи хурди зиндагияш ў бисёр чизҳоро фаҳмид, ба ҳаёт бо чашми дигар назар меандохтагӣ мешавад.Ҳамроҳи аробакашҳои дигар дар сохтмони канали Вахш ба кор шурўъ мекунад.
Филми «Ҳасани аробакаш» дар шаҳри Исфара ба навор гирифта шудааст. Шаҳри қадима,кўчаҳои танг, хонаҳои похсадевор, бомҳои андовапўш,ҳавличаҳое, ки дарахтони зардолу паноҳ кардаанд ба табиати филм даромехтаанд. Бисёр нақшҳои эпизодиро сокинони Исфара иҷро кардаанд.Ҳамаи ин ва боз мусиқиҳои хушоҳангу латифи тоҷикӣ ба филм зебогии махсус бахшидаанд.
Дар филми «Ҳасани аробакаш» бисёр ҳунармандони номӣ маҳорати худро нишон додаанд. Ҳангоми филмбардорӣ бисёр сокинони Исфара мегуфтанд, онҳо Ҳасани аробакашро шахсан мешинохтанд ва Бибо Ватаев, ки нақши Ҳасанро иҷро кардааст ба ў монанд аст. Дар нақши Садаф Муяссара Аминова, инчунин ҳунармандон Муяссара Камолова, Маҳмуд Тоҳирӣ, Гурминҷ Завқибеков, Маҳмудҷон Воҳидов ва дигарон аз иҷрои нақшҳои худ хеле моҳирона баромаданд. Муваффақияти аз ҳама калон, албатта насиби Бимболат Ватаев шуд. Ў образи мураккаби ҷавонмарди тоҷикро устокорона офарида тавонистааст.
Соли 1966 дар намоиш – мусобиқаи 5-уми кинематографистони Осиёи Миёна ва Қазоқистон филми «Ҳасани аробакаш» ҳамчун беҳтарин филми бахшида ба қаҳрамони халқӣ бо диплом тақдир карда шуд. Диплом барои беҳтарин нақши мард ба Б.Ватаев ҳам супорида шуд.
Ин филм дар бойгонии толори маводҳои мусаббати шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар маҳфуз аст.
Адабиётҳои истифодашуда:
1.Мирзошоев, С. Роҳи кинои тоҷик, Душанбе, «Ирфон», 1973, 193 саҳ.
Таҳияи Нигина Маҳмудова
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.