«Роҳҳои татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Нашр шуд 2018-09-03 17:25
Аввалин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи китоб дар кишвар субҳи имрӯз бо конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳҳои татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” шурӯъ шуд. Ин конфронс ба ифтихори 85-умин солгарди таъсиси Китобхонаи миллӣ ва “Рӯзи китоб” бахшида шуда буд.
Ширкаткунандагон маърӯзаи Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализодаро таҳти номи “Китобхонаи миллии Тоҷикистон-дастоварди фарҳангии даврони Истиқлолият” шуниданд. Сарвари Китобхонаи миллӣ гуфт: “Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард, китоб барояш бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, “аниси кунҷи танҳоӣ” ва “фурӯғи субҳи доноӣ” медонистанд”.
Профессор Мирализода бо ёдоварӣ аз дастуру фармонҳои Пешвои миллат афзуд: “Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ иброз намуданд, ки моро зарур аст фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа алахусус ҷавонон такони ҷиддӣ бахшем”.
Дар идома конфронс ҳозирон ба маърӯзаҳои профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода “Нақши китобхонаи академӣ дар фазои иттилоотӣ”, дотсент Шарифҷон Комилзода “Нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар рушди илми китобдорӣ”, директори Хонаи китоби Тоҷикистон Қурбоналӣ Бӯриев “Саҳми Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар рушди библиографияи тоҷик”, муовини Дирекктори КМТ Салима Раҷабова “Саҳми бонувони тоҷик дар рушди китобдорӣ”, мудири китобхонаи илмии ДТТ Ситора Абдумуъминзода “К вопросу формировании профессионально –педагогической компетентности студента бедущего библиотекаря», муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов “Вазъи бозомӯзь ва такмили ихтисоси китобдорон дар Тоҷикистон”, мудири шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии КМТ Фирдавс Аминов “Вақт ва китоб: Чиро ва кай бояд хонд?” ва дигарон гӯш доданд ва дар атрофи он табодули афкор намуданд.
Фардо, 4-уми снтябр чорабиниҳои асосии Китобхонаи миллӣ бахшида Рӯзи китоб аз субҳи бармаҳал оғоз хоҳанд шуд.
Фарзонаи МИРЗО