Манзаре барои шинохти Бохтар
Китоби дигар аз силсилаи “Тоҷнома” дар даст чоп аст. «Бохтар дар масири тамаддун» китоби 17-умин аз ин силсила дар Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ омода шуд ва қарор аст рӯзҳои наздик аз чоп барояд. Китобест, ки дар он мақолоти зиёде аз осори қадим гирдоварӣ шудааст, то азамати давлати Бохтар ва бохтариёнро нишон диҳад.
Бохтари таърихӣ аз қаторкўҳҳои Ҳисор то Ҳиндикуши имрўза доман густурда буд. Ин калимаи барои тоҷикон муқаддас ва азиз, хусусан дар осори илмии Юнони Қадим аслан бо эҳтироми баланд ёд мешавад. Гоҳҳо мебинем, ки Бохтар ҳамчун яке аз қисматҳои муҳими Ориёни Бостон ба ҳайси як давлати қудратманд ҷилва мекунад, ки юнониёну румиёни қадим кину душманӣ ба он меварзанд ва ҳамвора аз асокири муназзаму ҷанговари Бохтару Суғд дар биманд. Ин ҳақиқат дар «Таърих”-и» Геродот равшану мусаннад тасвир карда мешавад.
Китобе, ки пешниҳод мешавад,- «Бохтар дар масири тамаддун» аслан саҳми Бохтари таърихиро дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо ҳуҷҷатҳои навиштории таърихӣ, археологӣ, архетипҳо, тасвири шоҳкориҳои заргарӣ, оҳангарӣ, меъморӣ, нақкошиву ҳаккокӣ, илмҳои табииву гуманитарӣ ва монанди инҳо намоиш медиҳад. Дар баробари ин натиҷаҳои таҳлилии улуми археологӣ, таърихшиносӣ, маданиятшиносӣ, тиббу фалсафа ва ғайраҳоро фаро мегирад.
Сабаби дар як ҷилд ҷамъ овардани осори давраҳои гуногун аз Геродот сар карда, то имрўз ин аст, ки эҳсоси хештаншиносӣ ва асолатшиносии шаҳрвандони муосири Тоҷикистон заминаи воқеии илмӣ ва ҳаққоният дошта, дар айни замон тақозову орзуи таҳиягарони маҷўмуа ин аст, ки дар ҳамин заминаи мустаҳкаму устувори хештаншиносӣ ва асолатшиносӣ эхсоси масъулиятшиносии шахрванди Тоҷикистон дар назди давлати соҳибистиқлолаш ва гузаштаи пурифтихораш пурқувват карда шавад, яъне эҳсоси ифтихори шоистаи миллат дар айни замон эҳсоси масъулияти боиста ҳам дошта бошад. Ҳадафи асосӣ аст, ки дар ҷомеаи пурталотуми муосир шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо донишҳову ҳуҷҷатҳои ин китоб мусаллаҳ мешавад дар ҳар ҷое, дар ҳар мавриде, ки бошад манфиатҳои сиёсӣ, фархангӣ, таърихии ватанашро муҳофизат карда тавонад. Устувору пойбарҷо истода тавонад. Ин заруратро табиати рўзгори сиёсии муосир тақозо мекунад, зеро бархурдҳо ва ҳатто набардҳое ки имрўз миёни давлатҳо ва маданиятҳо сурат мегиранд, дар баробари ин ки набардҳои иқтисодӣ ҳастанд дар айни замон ҷангҳои беамони фарҳангӣ ҳам ҳастанд. Чунин тақозо ва талаби қотеъона ва мубрам дар ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Президенти арҷманди мо Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Таъкиди ба таъкид бояд қайд кард, ки мақсади ниҳоии ин ҳидоятҳо, устувории истиқлолияти давлатӣ, суботи иқтисодиву сиёсии давлат, эмин нигоҳ доштани амнияти рўзгори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, дар натиҷа беҳдошти рўзафзуни сатҳу сифати зиндагии тоҷикистониён, саодату хушбахтии имрўзу фардои миллат аст.
Маҷмўа аз осори муҳимтарин олимони ҷаҳонӣ таҳия шудааст. Албатта, беҳтарин қисматҳои ин китоб андешаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, алломаи бузургвор ва қаҳрамони мо Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. Дар мунтахаботе, ки аз осори Президенти муҳтарам интихоб шудаанд, дар баробари хулосахои бисёр муҳими илмиву таърихӣ он эҳсосест, ки дар осори пешиниёни мо нест ва буда ҳам наметавонист, - яъне эҳсоси пурқуввати соҳибистиқлолӣ, ворастагӣ, озодии андеша, масъулияти ҳамешагии бехдошти ҳамин истиқлолият ва Вахдати миллӣ.
Бешаку шубҳа андешаҳои Бобоҷон Ғафуров дар мавриди саҳми бохтариён дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти алоҳида дорад. Хоссагии ин аҳамият иборат аз он аст, ки дар шароити сиёсати хира намоиш додани дастовардҳои тоҷикон алломаи арҷманди мо бо ҷасорати илмие, ки аслан қаҳрамонии миллист дар ҳамон шароити вобастагии сиёсӣ ҳаддалимкон тавонистаст саҳми барҷастаи тоҷиконро дар мадияти ҷаҳонӣ барои тамоми дунё намоиш диҳад.
Аз осоре ки дар ин мачмўа овардаем, ҳамагӣ аҳамияти хоссаи худро доранд. Аммо тақозои инсоф аст, ки ба асарҳои В.М. Массон, В.И. Сарианиди, И. Р. Пичикиян, Л.Т Пянкова, И.В. Пянков тақдири бештар қоил шавем, зеро ин осор дар асоси ҳуҷҷатҳои мушаххаси археологӣ ва санъатшиносӣ анҷом ёфтаанд. Натиҷаи пажўҳишҳои ин олимони даққикназар дар тафаккури хонанда эҳсоси воқеӣ, конкретии ифтихори миллиро нисбат ба гузаштаи пурифтихори миллат обу тоб медиҳанд. Умед ҳаст, ки ҳар кӣ эҳсоси ватандўстӣ дорад ин ифтихороти ҳуҷҷатиро аз бар мекунад, силоҳи зафаровари муҳофизати хештаншиносии миллати худ карда тавонад.
Пораҳое, ки аз «Таърихи Табарӣ», «Таърихи Байҳақӣ», «Зайн-ул-ахбор» интихоб шудаанд, монанди як филми равшани таърихи айнулякин намоиш медиҳанд, ки бохтариён, яъне бобоёни тоҷики мо чӣ ҳунарҳову андешаҳои барҷастаи пешқадами давраҳои гуногунро доштаанд.
Хамчунин намунаҳое аз таҳқиқотҳои гуногуни муосир, чӣ дохилӣ, чӣ хориҷӣ пешниход мешаванд, ки барои пайгирии рушду равнақи забони тоҷикӣ, адабиёти ҷаҳонгир он ҳуҷҷатҳои дақиқи илмӣ оварда, мақоми баланди маданияти тоҷикони имрўзаро дар тамаддуни ҷахонӣ исбот мекунад.
Ин мақому мартабаи тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ бешубҳа шоистаи ифтихори миллӣ ва сарфарозии миллат аст.
Назри Яздонӣ,
Шоири халқии Тоҷикистон