Олими маъруф ва пажуҳишгари нотакрор
Писари Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, абарустод Садриддин Айнист. Аз ҷумлаи маъруфтарин донишмандони кишвар буд. Дар рушди илм хизматҳои шоиста кардааст. Муаллифи пурарзиштарин китобҳои пажӯҳишист.
Камол Айнӣ 15 майи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар хонадони Устод Айнӣ, ба ҷаҳон омадааст.
Соли 1949 факултаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи Ждановро хатм кардааст. Баъдан корманди илмии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, мудири шуъбаи дастнависҳои шарқии Пажўишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ҷонишини раиси Анҷумани Байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” будааст.
Осораш аз оғози солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба табъ расидаанд.
Мақолаҳои бисёри илмӣ-таҳқиқотӣ навиштааст, ки дар маҷмўаҳои гуногуни дастҷамъӣ ва мунтахабу куросаҳои алоҳида мунташир гардидаанд.
Рисолаҳои “Бадриддин Ҳилолӣ” (1957) ва “Шаҳриёрнома”-и Мухтори Ғазнавӣ” (1964) таалуқ ба қалами ў доранд.
Осори мунтахаби Носири Хусрав (1957, 1971) ва Бадриддин Ҳилолӣ (1958, 1970), “Саламону Абсол”-и Ҷомӣ (1964), рубоиёти Умари Хайём (1965, 1969, 1970, 1972, 1974), мунтахаби осори дуҷилдаи Устод Айнӣ ва “Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам” (1978), “Авҷи Зуҳал”-и Абўалӣ ибни Сино (ҳамроҳи Ш.Ҳусейнзода ва Ҳ. Шарифов) бо пешгуфтори ў ба табъ расидаанд.
Дар таҳияи матни нўҳҷилдаи илмии “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ (1964-1966), чаҳорҷилдаи русии ашъори Ҷомӣ (1964), шашҷилдаи осори Устод Айнӣ ба забони русӣ (1970-1975), ҷилдҳои гуногуни Куллиёти осори Устод Айнӣ (1960-2012). Баёзи “Звёзды поэзии” (1974), “Шаҳриёрнома”-и Усмони Мухторӣ (1996) ва ғайра саҳми арзанда гузоштааст.
Асарҳои дар соҳаи таърихи санъати тасвирии форсии тоҷикӣ офаридаи ҳамсараш Муқаддима Ашрафӣ “Ҷомӣ дар минётурҳои асри XVI” (Маскав, 1966) ва “Назми форсии тоҷикӣ дар минётурҳои асрҳои XVI-XVII” (ба забонҳои русӣ ва инглисӣ) дар ҳамдастии ў ба табъ расидаанд.
Солҳои дар Эрон фаъолият доштанаш матни илмии интиқодии достонҳои “Ҳумой ва Ҳумоюн” (1969), “Гул ва Наврўз” -и Хоҷуи Кирмонӣ (1969), “Вис ва Ромин”-и Фахриддини Гургонӣ (1970) ҳамроҳи М.Тодуа ва А. Гваҳария), достони “Саломон ва Абсол”-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1964), “Татам-мат-ун-наҷот” (ҳамроҳи М. Осимӣ ва Ҳ.А.Тарбият, 1980 ) ба дасти чоп расондааст.
Китоби “Корнамоии Садриддин Айнӣ” (1978) ҳам аз ҷониби ў таҳия гардидааст. Нашри осори номатбўи Устод Айнӣ “Таърихи инқилоби фикрии Бухоро”, “Маънои калимаи тоҷик” ва ғайра самараи заҳмати ўстанд.
Оид ба рўзгору осори С.Айнӣ ва А.Лоҳутӣ очеркҳои пурарзише навиштааст, ки дар моҳномаи “Садои Шарқ” ба табъ расидаанд. Муаллифи китоби дарсии “Адабиёти тоҷик барои синфи 9” аст, ки борҳо чоп шудааст.
Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тҷикистон аст.
15 августи сли 2010 аз олам даргузашт.
Бозчоп аз “Адибони Тоҷикистон”. – Душанбе: Адиб, 2014. – С.30-31.
Аз Камол Айнӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асару мақолаҳо қобили дарёфтанд:
Айнӣ, К., Аҳрорӣ,З. Андарзномаи Фирдавсӣ / К Айнӣ, З Аҳрорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1992. – 272 с.
Айнӣ, К.С. Бист гуфтор аз маънавият / К.С. Айнӣ. – Душанбе: Адиб, 2004. – 240 с.
Кавкаби Наҷмиддин. Рисолаи мусиқӣ: Рисола дар баёни “Дувоздаҳ - мақом”/ Таҳия, таҳқиқ ва тавзеҳоти А.Раҷабов; Таҳти назар ва дебочаи К.С.Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 144 с.
Айнӣ, К. Дирўз ва имрўз / К. Айнӣ. – Душанбе: Адиб, 1989. – 288 с.
Айнӣ, К. Дидори вопасин: Ҷашнномаи Айнӣ // Садои Шарқ. – 1980. – №4. – С. 77-86.
Айнӣ, К. Таърихчаи як тақризи Садриддин Айнӣ // Садои Шарқ. – 1980. – №4. – С. 75.
Айнӣ, А. Дидори вопасин: Ёдбуди устод Садриддин Айнӣ // Садои мардум. – 2001. – 21 август.
Дар бораи Камол Айнӣ
Афсаҳов, А. Самараи ҳамкорӣ: Дар бораи тадқиқоти илмии К.Айнӣ доир ба эҷодиёти Маҳмуд Ҳоҷуи Кирмонӣ // Маориф ва маданият. – 1970. – 1 май.
Брагинский, И., Раҷабов, С., Амонов, Р. Илме, ки амал дорад: Аз фаъолияти илмии адабиётшинос Камол Айнӣ // Садои Шарқ. – 1988. – №9. – С. 117-121.
Муҳаммадиев, Ҳ. Равшандил-равшанқиёс: 60-солагии зодрўзи адабиёт-шиноси тоҷик Камол Айнӣ // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 26 май. – С. 11.
Таҳияи Манижа Раҷабова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ